Санаи баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон маълум шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешДни культуры Таджикистана в Москве
Дни культуры Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2022
Обуна шудан
Ҳайати 80 нафарии ҳунармандон таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги кишвар ба Туркманистон барои баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ин кишвар сафар намуданд
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Аз 22 то 26 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мегарданд, иттилоъ додааст Вазорати фарҳанги кишвар.
“Ҳайат иборат аз 80 нафар ҳунарманд таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба Туркманистон сафар намуд”, - хабар додааст вазрорати фарҳанг.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар ҷараёни баргузории рӯзҳои фарҳангӣ вохӯрии Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Вазири фарҳанги Туркманистон, се барномаи консертӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ ва намоиши аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистон дар назар аст.
Зулфия Давлатзода вазири фарҳанги Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2022
Сафари вазири фарҳанг ба Теҳрон ва оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон
Рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Ишқобод ва Марии Туркманистон баргузор мегардад, ансамблҳои “Лола”, “Парасту”, ансамбли созҳои миллӣ, ҳунармандони маъруфи кишвар Носир Сафарзода, Ҳақназар Аловатов, Амирҷон Рӯзиев, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Чоршанбе Аловатов, Нозанин Комилова, Сироҷиддин Ҷӯраев, тарроҳ-Хуршед Сатторов, ҳунарманд Салимабону Каримова, мусаввирони бомаҳорати ҷумҳурӣ бо барномаҳои рангину ҷолиб назди тамошобини ин шаҳрҳо ҳунарнамоӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли равон сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамурадов мулоқот карда буд ва дар он роҷеъ ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангӣ гуфтугӯ карда буданд.
Бояд гуфт, ки моҳи июли соли 2017 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ва моҳи октябри 2018 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон баргузор шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0