https://sputnik.tj/20221128/tojikiston-reyd-meguzaronad-1053115786.html
Эълони даҳрӯзаи "рейд" дар Тоҷикистон: Ҷаримаи пиёдагардон баъди афзоиш чанд сомонист?
Эълони даҳрӯзаи "рейд" дар Тоҷикистон: Ҷаримаи пиёдагардон баъди афзоиш чанд сомонист?
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти махсус таҳти унвони "Пиёдагард"-ро эълон кард
2022-11-28T15:20+0500
2022-11-28T15:20+0500
2022-11-28T15:20+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
истифода
маъмурӣ
ҷарима
рейд
пиёдагард
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101487/29/1014872961_0:49:3073:1777_1920x0_80_0_0_806490e51732e3c84a9a7473889cda74.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Амалиёти "Пиёдагард" дар қаламрави Тоҷикистон аз 28 ноябр то 7 декабр гузаронда мешавад, хабар дод Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, ҳадафи ин амалиёт пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки пиёдагардон мебошад. Мақомот мегӯянд, дар бархе ҳолатҳо омилони сар задани садамаҳои маргбор маҳз роҳгузарон мебошанд.Кормандони БДА қаблан аз он нигаронӣ доштанд, ки пиёдагардон дар кишвар дар бисёри ҳолатҳо роҳро аз мавзеъҳои муқаррарнашуда убур мекунанд, аксаран дар чунин ҳолатҳо бо телефони мобилӣ суҳбат мекунанд, ки ин хавфи ҳодисаи нақлиётиро зиёд менамояд.Ин дар ҳолест, ки ахиран ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурӣ тағйирот ворид гардид, ки бар асоси ҷаримаи пиёдагардон ҳудуди 6 баробар афзоиш ёфта, барои нақзи қоидаҳои роҳ ба андозаи ним нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудааст.Феълан як нишондиҳанда муодили 64 сомонӣ буда, мутаносибан ба пиёдагардоне, ки қоидаро вайрон мекунанду роҳро аз ҷойҳои муқаррарнашуда убур мекунанд, 32 сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад. Барои ба аломати чароғаки раҳнамо ё ишораҳои танзимгари ҳаракат итоат накардани ронандагони мопеду велосипедҳо, аробакашҳо ва дигар шахсони истифодабарандаи роҳҳо аз 1 то 2 нишондиҳанда муодили 64 то 128 сомонӣ ҷарима таъйин мешавад. Мопеду велосипедсаворҳои маст барои нақзи қоидаҳои роҳ ба андозаи аз 2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 128 то 192 сомонӣ ҷаримабандӣ мешаванд.
https://sputnik.tj/20221112/ronanda-nouhdabaro-sughd-uzv-khonavoda-pakhsh-1052779890.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101487/29/1014872961_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_e6bc58340452bc5bda89476ad0064e85.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, пиёда, амалиёт, пиёдагард, ҷарима, тоҷикистон
эълон, пиёда, амалиёт, пиёдагард, ҷарима, тоҷикистон
Эълони даҳрӯзаи "рейд" дар Тоҷикистон: Ҷаримаи пиёдагардон баъди афзоиш чанд сомонист?
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти махсус таҳти унвони "Пиёдагард"-ро эълон кард
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Амалиёти "Пиёдагард" дар қаламрави Тоҷикистон аз 28 ноябр то 7 декабр гузаронда мешавад, хабар дод Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи ин амалиёт пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки пиёдагардон мебошад. Мақомот мегӯянд, дар бархе ҳолатҳо омилони сар задани садамаҳои маргбор маҳз роҳгузарон мебошанд.
Кормандони БДА қаблан аз он нигаронӣ доштанд, ки пиёдагардон дар кишвар дар бисёри ҳолатҳо роҳро аз мавзеъҳои муқаррарнашуда убур мекунанд, аксаран дар чунин ҳолатҳо бо телефони мобилӣ суҳбат мекунанд, ки ин хавфи ҳодисаи нақлиётиро зиёд менамояд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурӣ тағйирот ворид гардид, ки бар асоси ҷаримаи пиёдагардон ҳудуди 6 баробар афзоиш ёфта, барои нақзи қоидаҳои роҳ ба андозаи ним нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудааст.
Феълан як нишондиҳанда муодили 64 сомонӣ буда, мутаносибан ба пиёдагардоне, ки қоидаро вайрон мекунанду роҳро аз ҷойҳои муқаррарнашуда убур мекунанд, 32 сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад.
Барои ба аломати чароғаки раҳнамо ё ишораҳои танзимгари ҳаракат итоат накардани ронандагони мопеду велосипедҳо, аробакашҳо ва дигар шахсони истифодабарандаи роҳҳо аз 1 то 2 нишондиҳанда муодили 64 то 128 сомонӣ ҷарима таъйин мешавад.
Мопеду велосипедсаворҳои маст барои нақзи қоидаҳои роҳ ба андозаи аз 2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 128 то 192 сомонӣ ҷаримабандӣ мешаванд.