Ронандаи ноуҳдабаро дар Суғд ду узви як хонаводаро пахш кард

© Sputnik / Стас ЭтвешДорожные сигнальные конусы, архивное фото
Дорожные сигнальные конусы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2022
Обуна шудан
Ба эҳтимоли зиёд қурбониёни садамаи маргбор бибию набера буданд. Ҳар ду аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дар вилояти Суғд, аниқтараш дар роҳи мошингарди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Конибодом садамаи мудҳиши нақлиётӣ рух дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Бар хабари манбаъ, ронандаи 34-солаи автомашинаи "Опел-Вектра" ҳангоми ҳаракат дар ин масир дар ҳудуди деҳоти Исфисор бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавонист.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2022
Ҳалокати зани 77-сола дар як садамаи нақлиётӣ
Дар натиҷа ронанда ду нафар, ки ҳар дуяшон аъзои як хонавода мебошанд, пахш намуд. Пиёдагардон яке 69 ва дигаре 19-сол доштанд. Онҳо аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Ҳамзамон ВКД аз як садамаи дигар дар ин вилоят хабар дод, ки дар натиҷаи он як нафар ба ҳалокат расид. Ин садама дар роҳи мошингарди Ашт-Хуҷанд сар зад. Ронандаи 33-сола аз уҳдаи идораи мошин набаромада, хараробаро пахш кард, ки дар натиҷа соҳиби харароба, сокини 42-солаи ноҳияи Ашт дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт.
Манбаъ меафзояд, аз рӯи ҳар ду ҳодиса тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0