https://sputnik.tj/20221128/anduh-diplomat-tojik-makey-1053108767.html
Андуҳи дипломатҳои тоҷик аз даргузашти Макей
Андуҳи дипломатҳои тоҷик аз даргузашти Макей
Sputnik Тоҷикистон
Аз вазири марҳуми корҳои хориҷии Белорус дипломати бомалакае ёд карда шудааст, ки дар рушди ҳамкориҳо бо Тоҷикистон саҳми бузург дошт
2022-11-28T09:00+0500
2022-11-28T09:00+0500
2022-11-28T09:10+0500
дар тоҷикистон
белорус
сиёсат
вазир
ҳамдардӣ
паём
вазорати умури хориҷии тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043035594_0:183:2995:1867_1920x0_80_0_0_36b91f5ad89463d3264b31147274b03e.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз даргузашти вазири умури хориҷии Белорус, Владимир Макей изҳори андуҳ кардааст. Ин ниҳод бо нашри як паём, аз Макей ҳамчун дипломати хубе ёд кардааст, ки дар рушди муносиботи Тоҷикистону Белорус саҳми бузург гузоштааст. Дипломатҳои тоҷик ҳамдардияшонро ба наздикони Макей дар робита ба ин талафоти бузург баён доштаанд.Маврид ба зикр аст, ки Макей ба таври ногаҳонӣ рӯзи 26 нобяр дар соли 65-уми ҳаёташ даргузаштаст. Дар ин бора котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Белорус, Анатолий Глаз хабар дод, аммо расман дар бораи сабаби марг то ҳол иттилое ироа нашудааст. Бархе расонаҳо сабаби фавтро сактаи қалбӣ гуфтаанд. Макей аз соли 1993 дар хизмати дипломатӣ қарор дорад. Арбоби давлатӣ аз августи соли 2012 дар вазифаи вазири корҳои хориҷӣ кор мекард.Марҳум аз соли 2000-ум то 2008 ёвари президенти Белорус буда, 4 соли баъдӣ, то соли 2012-ум роҳбари Дастгоҳи президенти Белорус буд. Моҳи августи соли 2012 дар мақоми вазири корҳои хориҷӣ таъйин шуда, то дами марг дар ин вазифа буд.Дар ҳолномаи Макей омадаст, ки 5 августи соли 1958 дар деҳаи Некрашевичи вилояти Гроднои Белоруссияи шӯравӣ таваллуд шудааст.Донишкадаи давлатии омӯзгории забонҳои хориҷии Минскро хатм карда, пас аз хатми таҳсил дувоздаҳ сол дар сафи артиши Шӯравӣ хидмат карда, бо рутбаи полковники эҳтиётӣ ба нафақа баромад.Вай ҳамчунин дар Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Австрия таҳсил кардааст.Макей дар издивоҷи дуюмаш бо ҳунарпеша Вера Полякова буд. Вай 3 фарзанд - ду писар ва як духтар дорад.
https://sputnik.tj/20221126/darguzasht-nogahonii-vaziri-korhoi-khorijii-belorus-1053095356.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043035594_131:0:2862:2048_1920x0_80_0_0_fc82bdf4b3ea50b8d144e2c733564a86.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамдардӣ, душанбе, макей, даргузашт
ҳамдардӣ, душанбе, макей, даргузашт
Андуҳи дипломатҳои тоҷик аз даргузашти Макей
09:00 28.11.2022 (Навсозишуда: 09:10 28.11.2022) Аз вазири марҳуми корҳои хориҷии Белорус дипломати бомалакае ёд карда шудааст, ки дар рушди ҳамкориҳо бо Тоҷикистон саҳми бузург дошт
ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз даргузашти вазири умури хориҷии Белорус, Владимир Макей изҳори андуҳ кардааст.
Ин ниҳод бо нашри як паём, аз Макей ҳамчун дипломати хубе ёд кардааст, ки дар рушди муносиботи Тоҷикистону Белорус саҳми бузург гузоштааст. Дипломатҳои тоҷик ҳамдардияшонро ба наздикони Макей дар робита ба ин талафоти бузург баён доштаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Макей ба таври ногаҳонӣ рӯзи 26 нобяр дар соли 65-уми ҳаёташ даргузаштаст. Дар ин бора котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Белорус, Анатолий Глаз хабар дод, аммо расман дар бораи сабаби марг то ҳол иттилое ироа нашудааст. Бархе расонаҳо сабаби фавтро сактаи қалбӣ гуфтаанд.
Макей аз соли 1993 дар хизмати дипломатӣ қарор дорад. Арбоби давлатӣ аз августи соли 2012 дар вазифаи вазири корҳои хориҷӣ кор мекард.
Марҳум аз соли 2000-ум то 2008 ёвари президенти Белорус буда, 4 соли баъдӣ, то соли 2012-ум роҳбари Дастгоҳи президенти Белорус буд. Моҳи августи соли 2012 дар мақоми вазири корҳои хориҷӣ таъйин шуда, то дами марг дар ин вазифа буд.
Дар ҳолномаи Макей омадаст, ки 5 августи соли 1958 дар деҳаи Некрашевичи вилояти Гроднои Белоруссияи шӯравӣ таваллуд шудааст.
Донишкадаи давлатии омӯзгории забонҳои хориҷии Минскро хатм карда, пас аз хатми таҳсил дувоздаҳ сол дар сафи артиши Шӯравӣ хидмат карда, бо рутбаи полковники эҳтиётӣ ба нафақа баромад.
Вай ҳамчунин дар Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Австрия таҳсил кардааст.
Макей дар издивоҷи дуюмаш бо ҳунарпеша Вера Полякова буд. Вай 3 фарзанд - ду писар ва як духтар дорад.