https://sputnik.tj/20221126/darguzasht-nogahonii-vaziri-korhoi-khorijii-belorus-1053095356.html
Даргузашти ногаҳонии вазири корҳои хориҷии Белорус
Даргузашти ногаҳонии вазири корҳои хориҷии Белорус
Sputnik Тоҷикистон
Ҳеч осору нишони баде надошт, изҳор дошт сухангӯи Вазорати умури хориҷии Белорус. Вазир дар нақша музокирот бо ҳамтои русиягӣ доштаст
2022-11-26T20:00+0500
2022-11-26T20:00+0500
2022-11-28T09:05+0500
белорус
даргузашт
идм
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042292291_0:28:2975:1701_1920x0_80_0_0_01c0ce62bce7fe2063514c8f85a8755d.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Вазири умури хориҷи Беларус, Владимир Макей ба таври ногаҳонӣ дар соли 65-уми ҳаёташ даргузаштаст. Дар ин бора хабаргузории Sputnik Белорус бо такя ба котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Белорус, Анатолий Глаз хабар додааст. Аммо дар бораи сабаби марг то ҳол иттилое ироа нашудааст. Марги нобаҳангом дар ҳоле расидаст, ки Макей барои оғози ҳафтаи оянда музокирот бо ҳамтои русиягияш, Сергей Лавров дар нақша доштаст. Макей аз соли 1993 дар хизмати дипломатӣ қарор дорад. Арбоби давлатӣ аз августи соли 2012 дар вазифаи вазири корҳои хориҷӣ кор мекард. Марҳум аз соли 2000-ум то 2008 ёвари президенти Белорус буда, 4 соли баъдӣ то соли 2012-ум роҳбари Дастгоҳи президенти Белорус буд. Моҳи августи соли 2012 дар мақоми вазири корҳои хориҷӣ таъйин шуда, то дами марг дар ин вазифа буд. Дар ҳолномаи Макей омадаст, ки 5 августи соли 1958 дар деҳаи Некрашевичи вилояти Гроднои Белоруссияи шӯравӣ таваллуд шудааст. Донишкадаи давлатии омӯзгории забонҳои хориҷии Минскро хатм карда, пас аз хатми таҳсил дувоздаҳ сол дар сафи артиши Шӯравӣ хидмат карда, бо рутбаи полковники эҳтиётӣ ба нафақа баромад. Вай ҳамчунин дар Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Австрия таҳсил кардааст. Макей дар издивоҷи дуюмаш бо ҳунарпеша Вера Полякова буд. Вай 3 фарзанд - ду писар ва як духтар дорад.
https://sputnik.tj/20220826/masud-sobirov-darguzasht-1050973649.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042292291_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_f1c6e0c7b2e37627d41b627de41a21b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт, вазир, белорус, макей
даргузашт, вазир, белорус, макей
Даргузашти ногаҳонии вазири корҳои хориҷии Белорус
20:00 26.11.2022 (Навсозишуда: 09:05 28.11.2022) Ҳеч осору нишони баде надошт, изҳор дошт сухангӯи Вазорати умури хориҷии Белорус. Вазир дар нақша музокирот бо ҳамтои русиягӣ доштаст
ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Вазири умури хориҷи Беларус, Владимир Макей ба таври ногаҳонӣ дар соли 65-уми ҳаёташ даргузаштаст.
Дар ин бора хабаргузории Sputnik Белорус бо такя ба котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Белорус, Анатолий Глаз хабар додааст. Аммо дар бораи сабаби марг то ҳол иттилое ироа нашудааст.
"Ӯ чанд соат пеш ногаҳон даргузашт. Ҳеч нишони баде набуд. Талафоти бузург барои ҳамаи мост", - тасдиқ кардаст сухангӯи вазорати хориҷа.
Марги нобаҳангом дар ҳоле расидаст, ки Макей барои оғози ҳафтаи оянда музокирот бо ҳамтои русиягияш, Сергей Лавров дар нақша доштаст.
Макей аз соли 1993 дар хизмати дипломатӣ қарор дорад. Арбоби давлатӣ аз августи соли 2012 дар вазифаи вазири корҳои хориҷӣ кор мекард.
Марҳум аз соли 2000-ум то 2008 ёвари президенти Белорус буда, 4 соли баъдӣ то соли 2012-ум роҳбари Дастгоҳи президенти Белорус буд. Моҳи августи соли 2012 дар мақоми вазири корҳои хориҷӣ таъйин шуда, то дами марг дар ин вазифа буд.
Дар ҳолномаи Макей омадаст, ки 5 августи соли 1958 дар деҳаи Некрашевичи вилояти Гроднои Белоруссияи шӯравӣ таваллуд шудааст.
Донишкадаи давлатии омӯзгории забонҳои хориҷии Минскро хатм карда, пас аз хатми таҳсил дувоздаҳ сол дар сафи артиши Шӯравӣ хидмат карда, бо рутбаи полковники эҳтиётӣ ба нафақа баромад.
Вай ҳамчунин дар Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Австрия таҳсил кардааст.
Макей дар издивоҷи дуюмаш бо ҳунарпеша Вера Полякова буд. Вай 3 фарзанд - ду писар ва як духтар дорад.