https://sputnik.tj/20221127/tojikiston-qarz-grant-1053096415.html
Ҳукумати Тоҷикистон имсол чӣ қадар қарзу грант гирифт?
Ҳукумати Тоҷикистон имсол чӣ қадар қарзу грант гирифт?
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти бахши молияи Тоҷикистон таъкид мекунанд, қисмати аъзами созишномаҳои қарзию грантие, ки баста шудаанд, бебозгашт мебошанд
2022-11-27T09:30+0500
2022-11-27T09:30+0500
2022-11-27T09:30+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
қарздиҳӣ
молия
грант
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0e/1046781998_0:0:991:557_1920x0_80_0_0_b13f6a9c52b6a70e449d0e9440b8dd1d.png
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар 9 моҳи аввали соли равон Тоҷикистон наздики 324 млн доллар қарзу грант ҷалб кардааст, ки ҳудуди 92%-аш ба грант рост меояд. Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, дар давоми моҳҳои январ - сентябри соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳои ҳукумати кишвар бо созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ 9 созишномаи нави қарзию грантӣ баста шудаанд. Таъкид шудааст, ки ин созишномаҳо барои амалӣ намудани 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 323,9 млн доллари амрикоӣ равона гардидаанд. Аз маблағе, ки дар доираи 9 созишнома ҷалб шудааст, наздики 298 млн доллар ва ё 92% грант мебошад. Ҳудуди 19 млни дигар ва ё 5,6% қарз ва 7 млн доллар каме бештар аз 2% саҳми ҳукумати Тоҷикистон мебошад, тавзеҳ доданд масъулини молия. Таъкид шудааст, ки созишномаҳои мазкурро Маҷлиси намояндагон тасдиқ кардааст. Ин дар ҳолест, ки тайи нуҳмоҳа барои хизматрасонии қарзи берунаи давлатии Тоҷикистон аз буҷаи давлат 198 млн доллари амрикоӣ равона гардид. Аз ҷумла барои пардохти қарзи асосӣ 134,6 млн ва фоизҳои он 63,4 миллион доллар пардохт гардид.Маврид ба зикр аст, ки қаблан ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 3,2 млрд доллар арзёбӣ шуда буд. Дар маҷмуъ қарзи Тоҷикистон ҳудуди 3,7 млрд доллар арзёбӣ шуда буд.
https://sputnik.tj/20221126/afzoish-qarzdori-tojikiston-1053081615.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0e/1046781998_73:0:816:557_1920x0_80_0_0_bf6ce0ea19b006e62c34f952b815007a.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қарз, грант, ҳукумат, тоҷикистон
қарз, грант, ҳукумат, тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон имсол чӣ қадар қарзу грант гирифт?
Мақомоти бахши молияи Тоҷикистон таъкид мекунанд, қисмати аъзами созишномаҳои қарзию грантие, ки баста шудаанд, бебозгашт мебошанд
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар 9 моҳи аввали соли равон Тоҷикистон наздики 324 млн доллар қарзу грант ҷалб кардааст, ки ҳудуди 92%-аш ба грант рост меояд.
Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, дар давоми моҳҳои январ - сентябри соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳои ҳукумати кишвар бо созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ 9 созишномаи нави қарзию грантӣ баста шудаанд.
Таъкид шудааст, ки ин созишномаҳо барои амалӣ намудани 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 323,9 млн доллари амрикоӣ равона гардидаанд.
Аз маблағе, ки дар доираи 9 созишнома ҷалб шудааст, наздики 298 млн доллар ва ё 92% грант мебошад.
Ҳудуди 19 млни дигар ва ё 5,6% қарз ва 7 млн доллар каме бештар аз 2% саҳми ҳукумати Тоҷикистон мебошад, тавзеҳ доданд масъулини молия.
Таъкид шудааст, ки созишномаҳои мазкурро Маҷлиси намояндагон тасдиқ кардааст.
Ин дар ҳолест, ки тайи нуҳмоҳа барои хизматрасонии қарзи берунаи давлатии Тоҷикистон аз буҷаи давлат 198 млн доллари амрикоӣ равона гардид. Аз ҷумла барои пардохти қарзи асосӣ 134,6 млн ва фоизҳои он 63,4 миллион доллар пардохт гардид.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 3,2 млрд доллар арзёбӣ шуда буд. Дар маҷмуъ қарзи Тоҷикистон ҳудуди 3,7 млрд доллар арзёбӣ шуда буд.