https://sputnik.tj/20220601/khujand-fakultai-ruznomanigori-tasis-1048849796.html
Дар Хуҷанд факултаи рӯзноманигорӣ таъсис мешавад
Дар Хуҷанд факултаи рӯзноманигорӣ таъсис мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадаф аз таъсиси факултаи нав, омода намудани кадрҳои ҳирфаии рӯзноманигорӣ ва ба ин тартиб пур гардонидани фазои иттилоотии кишвар гуфта мешавад
2022-06-01T15:10+0500
2022-06-01T15:10+0500
2022-06-01T21:13+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/05/1032219528_0:25:1024:601_1920x0_80_0_0_eb11acdd88dbc7d3614668811cae6967.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров факултаи рӯзноманигорӣ таъсис мешавад. Дар ин бора Аюб Усмонзода, ректори донишгоҳ иттилоъ дода афзуд, ки аз замони таъсиси кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума 25 сол сипарӣ гардида, зимнан барои таъсиси факултаи навтаъсиси рӯзноманигорӣ замина фароҳам шудааст. Усмонзода ин нуқтаро дар замони фаъолшавии студияи нави таълимии телевизионии “Фурӯғ” -и кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума баён кард.Масъулини донишгоҳ омода намудани рӯзноманигорону наттоқон, тарроҳону коргардонҳо, наворбардорони касбӣ ва мутахассони дигар риштаҳои соҳоти ҳаёти ҷомеаро аз масъалаҳои саривақтӣ медонанд. Аммо баъзе соҳибназарон мегӯянд, ҳамоно дар фазои иттилоърасонӣ холигиҳое мушоҳида мешавад ва ин ҳам аз камбуди мутахассисони соҳа, аз ҷумла рӯзноманигорони ҳирфаӣ аст. Масъулони ҳукумати Суғд ҳам дар маҳфилҳои якҷо бо рӯзноманигорон борҳо дар бораи мушкили набардҳои иттилоотӣ ва фарогир намудани ин фазо таъкид варзида буданд. Каримбой Комилов, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума гуфт, ин кафедра соли 1997 бо ибтикори устоди донишгоҳ Матлуба Мирзоюнус (Хоҷаева) дар заминаи факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров таъсис дода шудааст.Бино ба гуфти ӯ, ҳоло кафедра аз рӯйи панҷ ихтисос, аз ҷумла рӯзноманигорӣ, рӯзноманигории телевизион ва вебрӯзноманигорӣ мутахассис омода мекунад. Онҳо азм доранд, ки соли ҷорӣ барои аввалин бор гурӯҳи русиро роҳандозӣ намоянд. Масъулони кафедраи журналистика мегӯянд, дастпарварони ин шуъба дар муҳити кишвар ва берун аз он фаъолият мекунанд. Ҳамасола кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи донишгоҳи Хуҷандро беш аз 20 нафар мутахассис хатм мекунад. Вале баъзе коршиносони соҳа маоши кам ва соири камбудҳои молиро сабаби аз соҳаи рӯзноманигорӣ канор рафтани шуморе аз мутахассисон медонанд.
https://sputnik.tj/20220601/ahmadzoda-sokhtmon-maktab-rusi-1048844063.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/05/1032219528_97:0:929:624_1920x0_80_0_0_312386b20324d74171999264982b4b00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд факултаи рӯзноманигорӣ
хуҷанд факултаи рӯзноманигорӣ
Дар Хуҷанд факултаи рӯзноманигорӣ таъсис мешавад
15:10 01.06.2022 (Навсозишуда: 21:13 01.06.2022) Ҳадаф аз таъсиси факултаи нав омода намудани кадрҳои ҳирфаии рӯзноманигорӣ ва ба ин тартиб пур гардонидани фазои иттилоотии кишвар гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров факултаи рӯзноманигорӣ таъсис мешавад.
Дар ин бора Аюб Усмонзода, ректори донишгоҳ иттилоъ дода афзуд, ки аз замони таъсиси кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума 25 сол сипарӣ гардида, зимнан барои таъсиси факултаи навтаъсиси рӯзноманигорӣ замина фароҳам шудааст.
"Барои факултаи навъасиси журналистика ва назарияи тарҷума умедвор ҳастем. Ман аз масъулони кафедра хоҳиш мекунам, ки бо ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо корро оғоз намоянд” - гуфт ректор.
Усмонзода ин нуқтаро дар замони фаъолшавии студияи нави таълимии телевизионии “Фурӯғ” -и кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума баён кард.
Масъулини донишгоҳ омода намудани рӯзноманигорону наттоқон, тарроҳону коргардонҳо, наворбардорони касбӣ ва мутахассони дигар риштаҳои соҳоти ҳаёти ҷомеаро аз масъалаҳои саривақтӣ медонанд.
Аммо баъзе соҳибназарон мегӯянд, ҳамоно дар фазои иттилоърасонӣ холигиҳое мушоҳида мешавад ва ин ҳам аз камбуди мутахассисони соҳа, аз ҷумла рӯзноманигорони ҳирфаӣ аст.
Масъулони ҳукумати Суғд ҳам дар маҳфилҳои якҷо бо рӯзноманигорон борҳо дар бораи мушкили набардҳои иттилоотӣ ва фарогир намудани ин фазо таъкид варзида буданд.
Каримбой Комилов, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума гуфт, ин кафедра соли 1997 бо ибтикори устоди донишгоҳ Матлуба Мирзоюнус (Хоҷаева) дар заминаи факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров таъсис дода шудааст.
Бино ба гуфти ӯ, ҳоло кафедра аз рӯйи панҷ ихтисос, аз ҷумла рӯзноманигорӣ, рӯзноманигории телевизион ва вебрӯзноманигорӣ мутахассис омода мекунад. Онҳо азм доранд, ки соли ҷорӣ барои аввалин бор гурӯҳи русиро роҳандозӣ намоянд.
Масъулони кафедраи журналистика мегӯянд, дастпарварони ин шуъба дар муҳити кишвар ва берун аз он фаъолият мекунанд. Ҳамасола кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи донишгоҳи Хуҷандро беш аз 20 нафар мутахассис хатм мекунад. Вале баъзе коршиносони соҳа маоши кам ва соири камбудҳои молиро сабаби аз соҳаи рӯзноманигорӣ канор рафтани шуморе аз мутахассисон медонанд.