https://sputnik.tj/20221127/parlumon-eron-uzviyat-shsh-1053101676.html
Парлумони Эрон узвият дар СҲШ-ро ҷонибдорӣ кард
Парлумони Эрон узвият дар СҲШ-ро ҷонибдорӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Вакилони мардумии Эрон бо аксарияти овозҳо созиш дар бораи узвияти ҷумҳурии исломиро дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҷонибдорӣ намуданд
2022-11-27T18:30+0500
2022-11-27T18:30+0500
2022-11-27T18:33+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102251/89/1022518922_0:300:5760:3540_1920x0_80_0_0_08bf7743126e86e32dd6f3968ab58b98.jpg
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Порлумони Эрон тарҳи қонун дар бораи пайвастани ҷумҳурии исломӣ ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ)-ро тасвиб кард, иттилоъ дод хабаргузории Меҳр. Ба иттилои манбаъ, 205 нафар ба тарафдорӣ, 3 нафар мухолиф овоз дода, 4 нафар бетараф буданд. Абулфазл Амуӣ, сухангӯи Кумиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии порлумони Эрон, таъкид намудаст, ки шарти узвияти Эрон дар СҲШ ин тасвиби ҳама асноди то кунун қабулшуда аз сӯи ин созмон аст. Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 30 сентябр раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ тарҳи қонун дар бораи пайвастани ин кишвар ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро имзо карда, ба парлумон фиристода буд. Раисӣ қаблан таъкид намуда буд, ки фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай барои бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ мусоидат мекунад. "Танҳо кишварҳои ғарбӣ муқобили бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ ҳастанд. Ҷаҳони чандқутбӣ, бахусус, бо кумаки созмонҳои минтақавӣ, ба мисли СҲШ сохта мешавад", - изҳор дошт Раисӣ.Ба эътиқоди ӯ, нуфузи Эрон дар ҷаҳон ва минтақа дар ҳамкорӣ бо дӯстон афзоиш хоҳад ёфт. "Мо дар рушди равобит бо Русия ва дигар кишварҳо ҷиддӣ ҳастем", - афзуд ӯ.Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаласаи ахири сарони кишварҳои узви СҲШ Эрон ёддошти тафоҳум барои узвият дар созмонро имзо карда, раванди пайвастшавии Белорус оғоз гардид.СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.
https://sputnik.tj/20220923/lukashenko-belorus-uzvi-shsh-1051626719.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102251/89/1022518922_320:0:5440:3840_1920x0_80_0_0_5001421d3c1c63419eb789b291a3bcd1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раъй, парлумон, эрон, узвият, сҳш
раъй, парлумон, эрон, узвият, сҳш
Парлумони Эрон узвият дар СҲШ-ро ҷонибдорӣ кард
18:30 27.11.2022 (Навсозишуда: 18:33 27.11.2022) Вакилони мардумии Эрон бо аксарияти овозҳо созиш дар бораи узвияти ҷумҳурии исломиро дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҷонибдорӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Порлумони Эрон тарҳи қонун дар бораи пайвастани ҷумҳурии исломӣ ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ)-ро тасвиб кард, иттилоъ дод хабаргузории Меҳр.
Ба иттилои манбаъ, 205 нафар ба тарафдорӣ, 3 нафар мухолиф овоз дода, 4 нафар бетараф буданд.
Абулфазл Амуӣ, сухангӯи Кумиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии порлумони Эрон, таъкид намудаст, ки шарти узвияти Эрон дар СҲШ ин тасвиби ҳама асноди то кунун қабулшуда аз сӯи ин созмон аст.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 30 сентябр раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ тарҳи қонун дар бораи пайвастани ин кишвар ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро имзо карда, ба парлумон фиристода буд.
Раисӣ қаблан таъкид намуда буд, ки фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай барои бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ мусоидат мекунад.
"Танҳо кишварҳои ғарбӣ муқобили бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ ҳастанд. Ҷаҳони чандқутбӣ, бахусус, бо кумаки созмонҳои минтақавӣ, ба мисли СҲШ сохта мешавад", - изҳор дошт Раисӣ.
Ба эътиқоди ӯ, нуфузи Эрон дар ҷаҳон ва минтақа дар ҳамкорӣ бо дӯстон афзоиш хоҳад ёфт. "Мо дар рушди равобит бо Русия ва дигар кишварҳо ҷиддӣ ҳастем", - афзуд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаласаи ахири сарони кишварҳои узви СҲШ Эрон ёддошти тафоҳум барои узвият дар созмонро имзо карда, раванди пайвастшавии Белорус оғоз гардид.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.