https://sputnik.tj/20220923/lukashenko-belorus-uzvi-shsh-1051626719.html
Лукашенко гуфт, Белорус кай узви СҲШ мешавад
Лукашенко гуфт, Белорус кай узви СҲШ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Белорус ҳадаф гузоштааст, ки кишвар тамоми раванди марбути пайвастан ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро давоми як сол анҷом диҳад
2022-09-23T14:40+0500
2022-09-23T14:40+0500
2022-09-28T16:58+0500
сиёсат
идм
сҳш
белорус
ҳинд
александр лукашенко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/03/1049702996_0:0:3131:1762_1920x0_80_0_0_762bbd300b0001cf31d78c5205f35a06.jpg
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Белорус интизор дорад, ки соли 2023 дар Ҳиндустон ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай пазируфта хоҳад шуд. Ин нуктаро раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко, изҳор дошта, таъкид намуд, ки дастурот дар ин бора аллакай ироа шуданд. Санад дар мавриди оғози пайвастшавии Белорус ба СҲШ ахиран зимни ҷаласаи роҳбарони ин созмон дар Самарқанд имзо шуд. Дар баробари ин дар Ӯзбекистон ёддошти тафоҳум барои узвияти комили Эрон дар ин созмон имзо гардид. Инчунин Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия эълон намуд, ки азм дорад, ба СҲШ бипайвандад. СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.
https://sputnik.tj/20220920/putin-jahoni-bisyormehvari-1051552813.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/03/1049702996_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_bbfc9906f65b8176ca3156cf3b3ec49a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сол, узвият, белорус, сҳш, маълум
сол, узвият, белорус, сҳш, маълум
Лукашенко гуфт, Белорус кай узви СҲШ мешавад
14:40 23.09.2022 (Навсозишуда: 16:58 28.09.2022) Раисҷумҳури Белорус ҳадаф гузоштааст, ки кишвар тамоми раванди марбути пайвастан ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро давоми як сол анҷом диҳад
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Белорус интизор дорад, ки соли 2023 дар Ҳиндустон ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай пазируфта хоҳад шуд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко, изҳор дошта, таъкид намуд, ки дастурот дар ин бора аллакай ироа шуданд.
"Ҷаласаи оянда дар Ҳиндустон баргузор мешавад. Ман аллакай ҳадаф гузоштаам, ки мо ин роҳро давоми як сол тай кунем", - овардааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Белорус аз қавли Лукашенко.
Санад дар мавриди оғози пайвастшавии Белорус ба СҲШ ахиран зимни ҷаласаи роҳбарони ин созмон дар Самарқанд имзо шуд.
Дар баробари ин дар Ӯзбекистон ёддошти тафоҳум барои узвияти комили Эрон дар ин созмон имзо гардид.
Инчунин Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия эълон намуд, ки азм дорад, ба СҲШ бипайвандад.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.