Бурди фаронсавиҳою бохти Саудӣ: натоиҷи бозиҳои рӯз дар Ҷоми Ҷаҳон - 2022

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкФутбол. Чемпионат мира. Матч Франция - Австралия
Футбол. Чемпионат мира. Матч Франция - Австралия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2022
Обуна шудан
Бозиҳои рӯзи 7-уми Ҷоми Ҷаҳон - 2022 дар риштаи футбол дар Қатар анҷом ёфта, натоиҷи навбатии даври дуюми марҳилаи гуруҳӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тимҳои гуруҳҳои "С" ва "D" дар даври 2-юми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар сабқат карданд.
Дар гурӯҳи "C" тимҳои миллии Лаҳистон ва Арабистони Саудӣ вориди майдон шуда, лаҳистониҳо бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардиданд. Тимҳои миллии Аргентина ва Мексика дар ин гуруҳ сабқаташонро бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи тими Лионел Мессӣ анҷом доданд.
Дар гурӯҳи "D" Тунис ва Австралия бозӣ карданд, ки натиҷа 0:1 ба фоидаи австралиягиҳо шуд. Сабқати Фаронса ва Дания бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи фаронсавиҳо поён ёфт. Ин дуюмин пирӯзии тими Фаронса, қаҳрамони феълии ҷаҳон дар Қатар мебошад.
Футбол. Чемпионат мира. Матч Уэльс - Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2022
Натиҷаҳои рӯзи 6-уми бозӣ дар Ҷоми Ҷаҳон - 2022
Ҳамин тариқ дар гуруҳи "С" мунтахаби Лаҳистон бо 4 хол пешсаф буда, дастаи Аргентина аллакай бо 3 хол дар мақоми дуюм ҷой гирифт. Арабистони Саудӣ, ки қаблан Аргентинаро шикаст дод, дар ҷойи 3 қарор доранд. Мексика дар охири чаҳоргона аст, чун то ҳол ягон пирӯзӣ надорад.
Дар гурӯҳи "D" Фаронса аллакай 6 хол ба даст оварда, ба марҳилаи плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ ёфт. Тими мунтахаби Австралия бо 3 имтиёз дар ҷойи дувум ва Данияю ва Тунис бо як имтиёзӣ дар ҷойҳои 3 ва 4 қарор гирифтаанд.
Ҳамин тариқ рӯзи 27 ноябр дар назар аст, ки дар гуруҳи "Е" Испания - Олмон ва Ҷопон - Коста-Рика ва дар гурӯҳи "F" Белгия - Марокаш ва Хорватия - Канада сабқат кунанд.
Лентаи хабарҳо
0