Натиҷаҳои рӯзи 6-уми бозӣ дар Ҷоми Ҷаҳон - 2022

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкФутбол. Чемпионат мира. Матч Уэльс - Иран
Футбол. Чемпионат мира. Матч Уэльс - Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2022
Обуна шудан
Дар мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳон - 2022 бозиҳои рӯзи шашуми мусобиқа ҷамъбаст гардиданд, ки оғози марҳилаи дуюми ин қаҳрамонӣ ба шумор мераванд
ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Дар даври дуюми Ҷоми Ҷаҳон - 2022 тими миллии Эрон бар дастаи мунтахаби Уэлс пирӯз шуд, ки аз падидаҳои нисбатан ҷолиби рӯз гардид. Футболбозони эронӣ барои нахустин бор дар таърих бар тими аврупоӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол пирӯз шуданд.
Зӯрозмоии эрониҳо футболбозони тими Уэлс бо ҳисоби 0:2 анҷом ёфт. Дар дақиқаи 87-уми ин бозӣ дарвозабони Уэлс, Уэйн Ҳеннесси барои фол корти сурх гирифт, ки аввалин хориҷшавӣ дар мусобиқаи ҷорӣ аст. Тими Уелс бозиро бо 10 нафар давом дод.
Тими Эрон ҳарду голро дар вақти иловагӣ заданд, ки якеро Рӯзбеҳи Чашмӣ дар дақиқаи 9-уми иловагӣ Ромин Ризоиён дар дақиҷаи 11 ба ҳадаф расонданд.
Футбол. Чемпионат мира. Матч Бразилия - Сербия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2022
Бурду бохтҳои рӯзи 5-ум дар Ҷоми ҷаҳон - 2022: поёни даври аввал
Дар бозии дигари рӯз мунтахаби Қатар аз Сенегал бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Ин дувумин бохти соҳибони майдон дар чемпионат мебошад. Дар зимн мунтахаби Қатар голи аввалини таърихии худро дар Ҷоми ҷаҳонӣ зад, ки муаллифи он Муҳаммад Мунтарӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, тими мизбон миёни иштирокдорони қаҳрамонии ҷаҳон аввалин шуда, имкони роҳёбӣ ба марҳилаи баъдиро аз даст дод.
Бозии мунтахаби Ҳолланд дар бозии даври дуввуми Ҷоми ҷаҳонии футбол бо тими Эквадор мусовӣ анҷом ёфт. Вохӯрии гурӯҳи "А", ки дар варзишгоҳи "Халифа" баргузор шуд, бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.
Голи дастаи Эквадорро капитани даста Эннер Валенсия ба ҳадаф расонд, аммо дар дақиқаи 90-уми вохӯрӣ ҷароҳат бардошту бозиро тарк кард.
Бозии дигари рӯзи аввали даври дуюм миёни Англия ва Иёлоти Муттаҳида баргузор шуд, ки бидуни гол мусовӣ анҷом ёфт.
Лентаи хабарҳо
0