Маҷидов аз номи Озарбойҷону Халифаев аз Русия: Шарҳи ҷазои 2 варзишкори тоҷик

© из личного архива Мулораджаба ХалифаеваМулораджаб Халифаев
Мулораджаб Халифаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2022
Обуна шудан
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ҷазои 2 варзишкори тоҷикро аз сӯи Федератсияи байналмилалӣ таъйид карда, онро хатои техникӣ арзёбӣ намудаст
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Ҷудокорони тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 66 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кило барои қайди нодурусти шаҳрвандӣ дар системаи Федератсияи байналмилалии ҷудо муҷозот шуда, тамоми холҳояшон бекор гардидаанд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ин итттилоъро ба телевизиони "Варзиш" расман таъйид карда, афзудаст, ки дар ин бора мактуби расмӣ гирифтаанду феълан дар пайи бартараф кардани он ҳастанд.
Манбаъ афзудааст, ки ин ҷазо барои қайди душаҳрвандӣ дар системаи Федератсияи байналмилалии ҷудо дода шудааст.
"Муллораҷаб Халифаев, ки як муддат аз номи Русия баромад мекард, дар системаи Федератсияи байналмилалии ҷудо худро аз номи ин кишвар сабт кардааст. Баъдан аз номи Тоҷикистон баромад кард, ки боиси муҷозот шуд", - иттилоъ дод манбаъ.
Ҷаҳонгир Маҷидов, чанд вақт аз номи Озорбойҷон баромад мекард, дар система аз номи ин кишвар қайд шудааст, тавзеҳ додаанд дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Масъулини ФҶТ таъкид намудаанд, ки инҷо танҳо хатои техникӣ дар системаи қайди Федератсияи байналмилалии ҷудо аст ва онҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ин масъаларо дар наздиктарин фурсат ҳал кунанд.
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали вручил Тимуру Рагимову ключи от 2-х комнатной квартиры  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2022
Раиси Душанбе аз Темур Раҳимов ва Мулораҷаб Халифаев чӣ хост?
Мувофиқи радабандии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Ҷаҳонгир Маҷидов дар зинаи 4-ум ва тибқи рейтинги Федератсияи байналмилалии ҷудо дар зинаи 34-ум қарор дорад.
Халифаев Муллораҷаб бошад, мувофиқи радабандии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар зинаи 10-ум ҷой дорад.
Дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар маҷмӯъ 172 кишвар намояндагӣ мекунанд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Қазоқистон дар ҷойи 12, Ӯзбекистон 17, Қирғизистон 48 ва Туркманистон 66 - ум қарор дорад. Тоҷикистон дар радабандии тимҳои ҷаҳонӣ дар ҷои 41-ум қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0