https://sputnik.tj/20221111/raisi-dushanbe-temur-rahimov-khalifaev-1052764480.html
Раиси Душанбе аз Темур Раҳимов ва Мулораҷаб Халифаев чӣ хост?
Раиси Душанбе аз Темур Раҳимов ва Мулораҷаб Халифаев чӣ хост?
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Душанбе зимни тақдими туҳфаҳо ба ҷоизадорони Тоскулоҳи бузурги Боку - 2022 таъкид намуд, ки номбардорони Ватан ҳамеша таҳти ғамхорӣ қарор хоҳанд дошт
2022-11-11T15:35+0500
2022-11-11T15:35+0500
2022-11-11T15:35+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
темур раҳимов
муллораҷаб халифаев
туҳфа
хона
маблағ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0b/1052763623_0:189:1800:1202_1920x0_80_0_0_1c7ced1e82e9932a1f3fda430b36c8d1.jpg
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ҷудокорони тоҷики ҷоизадори мусобиқа дар Боку, Темур Раҳимов ва Муллораҷаб Халифаев туҳфаҳо дод. Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов барои гирифтани ҷои якум ва ба даст овардани медали тило дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку - 2022 калиди хонаи 2-ҳуҷрагӣ дод. Таъкид шудаст, ки хона дар пойтахт ҷойгир буда, бо тамоми шароити рӯзгор таъмин мебошад.Муллораҷаб Халифаев, ки дар Боку ба ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқра даст ёфт, аз сӯи раиси Душанбе бо 100 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуд.Дар маросими тақдими туҳфаҳо, раиси Душанбе ба варзишгарон барои омодагӣ ба мусобиқаҳои оянда дастурҳо дода, ба онҳо барору музаффарият таманно кард. Вай афзудааст, ки ҷавонони муаррифгар ва номбардори ватани хеш ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи давлат қарор доранд. Мусобиқаи "Baku Grand Slam 2022" аз 4 то 6 ноябр баргузор гардида, дар он варзишгарони зиёда аз 60 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар маҷмуъ 12 ҷудокор намояндагӣ карданд, ки аз ин миён Раҳимов нишони тило ва Халифаев нуқра ба даст оварданд.Раҳимов дар даври ниҳоии мусобиқаи "Baku Grand Slam 2022" рақиби ӯзбек - Алишер Юсуповро бо имтиёзи иппон шикаст дода, барандаи ҷои аввал шуд. Ин аввалин нишони тило дар таърихи ҷудои меҳан дар мусобиқаҳои Гранд Слам арзёбӣ мешавад.Ҳамчунин ҷудокори тоҷик бо ҳунарнамоияш дар "Baku Grand Slam 2022" соҳиби 1000 имтиёзи олимпӣ гардида, мавқеашро дар садри ҷадвали беҳтаринҳо ҳифз намуд.
https://sputnik.tj/20221111/chempionat-osiyo-mushtzanho-tojik-medal-1052753393.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0b/1052763623_113:0:1716:1202_1920x0_80_0_0_0a638622e565cb5fbe3d8e9cfe4644e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
туҳфа, тақдим, рустами эмомалӣ, ҷоиза, ҷудокор
туҳфа, тақдим, рустами эмомалӣ, ҷоиза, ҷудокор
Раиси Душанбе аз Темур Раҳимов ва Мулораҷаб Халифаев чӣ хост?
Раиси Душанбе зимни тақдими туҳфаҳо ба ҷоизадорони Тоскулоҳи бузурги Боку - 2022 таъкид намуд, ки номбардорони Ватан ҳамеша таҳти ғамхорӣ қарор хоҳанд дошт
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ҷудокорони тоҷики ҷоизадори мусобиқа дар Боку, Темур Раҳимов ва Муллораҷаб Халифаев туҳфаҳо дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов барои гирифтани ҷои якум ва ба даст овардани медали тило дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку - 2022 калиди хонаи 2-ҳуҷрагӣ дод.
Таъкид шудаст, ки хона дар пойтахт ҷойгир буда, бо тамоми шароити рӯзгор таъмин мебошад.
Муллораҷаб Халифаев, ки дар Боку ба ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқра даст ёфт, аз сӯи раиси Душанбе бо 100 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуд.
Дар маросими тақдими туҳфаҳо, раиси Душанбе ба варзишгарон барои омодагӣ ба мусобиқаҳои оянда дастурҳо дода, ба онҳо барору музаффарият таманно кард.
Вай афзудааст, ки ҷавонони муаррифгар ва номбардори ватани хеш ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи давлат қарор доранд.
Мусобиқаи "Baku Grand Slam 2022" аз 4 то 6 ноябр баргузор гардида, дар он варзишгарони зиёда аз 60 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар маҷмуъ 12 ҷудокор намояндагӣ карданд, ки аз ин миён Раҳимов нишони тило ва Халифаев нуқра ба даст оварданд.
Раҳимов дар даври ниҳоии мусобиқаи "Baku Grand Slam 2022" рақиби ӯзбек - Алишер Юсуповро бо имтиёзи иппон шикаст дода, барандаи ҷои аввал шуд. Ин аввалин нишони тило дар таърихи ҷудои меҳан дар мусобиқаҳои Гранд Слам арзёбӣ мешавад.
Ҳамчунин ҷудокори тоҷик бо ҳунарнамоияш дар "Baku Grand Slam 2022" соҳиби 1000 имтиёзи олимпӣ гардида, мавқеашро дар садри ҷадвали беҳтаринҳо ҳифз намуд.