Бурду бохтҳои рӯзи 5-ум дар Ҷоми ҷаҳон - 2022: поёни даври аввал

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкФутбол. Чемпионат мира. Матч Бразилия - Сербия
Футбол. Чемпионат мира. Матч Бразилия - Сербия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2022
Обуна шудан
Дар рӯзи панҷуми Ҷоми Ҷаҳон - 2022 тимҳои миллии Швейтсария - Камерун, Уругвай - Кореяи Ҷанубӣ, Португалия - Гана ва Бразилия - Сербия зӯр озмуданд
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Бозиҳои рӯзи ҷамъбастии даври аввали Чемпионати ҷаҳон - 2022 дар риштаи футбол дар Қатар ҷамъбаст гардиданд.
Дар гурӯҳи "G" мунтахаби Швейтсария бар Камерун бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Дар гуруҳи "Н" тими миллии Уругвай бо Кореяи ҷанубӣ зӯр озмуданд, аммо ғолиб муайян нашуд. Ин бозӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.
Аз бозиҳои нисбатан мавриди таваҷҷуҳи рӯз сабқати тими Португалия - Гана буд, ки Криштиану Роналду дар мубориза бо Салис зарбаи ҷаримавии 11-метриро ба даст оварду тӯбро вориди дарвозаи ҳариф кард. Аммо тими Гана тавонист ҳисобро баробар намояд.
Радубадали ниҳоии голҳои Португалию Гана бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи тими Роналду анҷомид, ки сабқати ҷаҳониро бо пирӯзӣ оғоз намуд.
Футбол. Чемпионат мира. Матч Германия - Япония - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2022
Шигифтии Ҷоми Ҷаҳонии 2022: Ҷопон Олмонро шикаст дод
Бозии охири даври аввали Ҷоми Ҷаҳон - 2022 дидори тимҳои миллии Бразилия ва Сербия дар гурӯҳи "G" шуд. Қаҳрамони аслии вохӯрӣ ҳамлагар Ришарлисон Андраде гардид, ки ба дарвозаи ҳариф 2 голро ворид намуд. Сербҳо натавонистанд бо голе ба бразилиягиҳо посух диҳанд ва бозӣ бо ҳисоби 2:0 анҷомид.
Ҳамин тариқ даври аввали Чемпионати ҷаҳон дар риштаи футбол дар Қатар анҷом ёфт. Тайи панҷ рӯзи аввал дар маҷмуъ 16 бозӣ анҷом дода шуда, 41 гол ба самар расиданд.
Дар миёни бурду бохтҳои ин сабқати ҷаҳонӣ нисбатан ғайриинтизор пирӯзии Арабистони Саудӣ бар дастаи Аргентина ва Ҷопон бар Олмон буд, дуввумиҳо аз номзадҳои аслӣ ба қаҳрамонии ҷаҳон ба шумор мераванд.
Лентаи хабарҳо
0