Масъуд Собиров даргузашт

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина молится на кладбище
Мужчина молится на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Раиси собиқи яке аз ҷиноҳҳои Ҳизби демократии Тоҷикистон ва аз иқтисодшиносони матраҳи кишвар бар асари бемории қалб даргузашт
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Маросими ҷаноза ва дафни Масъуд Собиров, раиси яке аз ҷиноҳҳои Ҳизби демократии Тоҷикистон дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод баргузор мешавад.
Ба таъйиди яке аз наздикони Масъуд Собиров, ӯ чанд сол боз аз бемории қалб ранҷ мебурд ва бар асари ин беморӣ ӯ даргузаштааст.
Намози ҷанозаи вай 27 август дар зодгоҳаш баргузор мешавад.
Похороны Бозора Собира - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2022
Нур Табар, нависанда, драматурги шинохта ва вазири фарҳанги пешини Тоҷикистон даргузашт
Масъуд Собиров 63 сол дошт ва ба ҳайси ходими илмии Пажуҳишгоҳи иқтисодии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекард. Ӯ дар зимни ба ҷиноҳҳо тақсим шудани Ҳизби демократии Тоҷикистон пас аз боздошти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ин ҳизб яке аз ин ҷиноҳҳои онро раҳбарӣ мекард.
Ӯ раёсати ин ҳизбро баъд аз зиндонӣ шудани Маҳмадрӯзӣ Искандаров бо ташкили ҷиноҳи “Ватан” бар уҳда гирифт. Ҳарчанд тарафдорони Исканадаров ба курсии раёсат нишастани Собировро намехостанд, вале Вазорати адлия ӯро ба ҳайси раҳбари Ҳизби демократ эътироф карда буд.
Лентаи хабарҳо
0