Аз 28 дараҷа хунук дар шарқи ВМКБ то 23 дараҷа гарм дар Хатлон: пешгӯии ҳавошиносон

© Sputnik Осень в городе Душанбе
Осень в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2022
Обуна шудан
Дар бархе аз навоҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 9 дараҷа, дар Хатлон то 23, дар Суғд то 16 ва Душанбе то 20 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон камабри бебориш дар назар аст, иттилоъ дод Агенти ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ боришот дар назар набуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16, дар мавзеъи Булункӯл то 26-28 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона то 8 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Ҳушдори Раҳмон аз афзоиши офатҳо: Ӯ роҳ сӯи ояндаи осударо нишон дод
Дар вилояти Хатлон низ боришот дар назар набуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе низ ҳавои камабри бебориш дар пеш буда, ҳарорат шабона 6+8 дараҷа ва рӯзона 18+20 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0