Созмони милал хостори поёни хушунат алайҳи занон дар Афғонистон шуд

© AFP 2023 / Emmanuel DunandЖенщины в бурках во время раздачи продуктов в Кабуле
Женщины в бурках во время раздачи продуктов в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2022
Обуна шудан
Созмони Милали Муттаҳид ахиран гуфтааст, ки толибон бояд барои поён додан ба хушунат алайҳи занон ва беҳтар шудани вазъияти ҳуқуқи онон гомҳои фаврӣ бардорад
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Созмони Милали Муттаҳиди ахиран дар рӯзи ҷаҳонии поён додан ба хушунати алайҳи занон, дар баёнияе нисбат ба вазъияти занон дар Афғонистони иброз нигаронӣ кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Ин созмон гуфтааст ки занони Афғонистон аз тобистони 2021 то кунун хушунати мубтанӣ бар ҷинсият ва вахомати ҳуқуқии қобили мулоҳизаеро таҷриба мекунанд.
Дар ҳамин ҳол Рӯзо Ӯтнбою, намояндаи хоси сармуншии СММ барои Афғонистон гуфтааст: “ҳуқуқи асосии занони афғон бояд муҳофизат шавад ва бояд гомҳои мушаххасе барои эҷоди муҳити мносб/тавонманд, ки орӣ аз ҳар гуна хушунат бошад, бардошта шавад”.
4-летняя афганская девочка спит после работы на кирпичном заводе на окраине Кабула, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2022
Бонки Ҷаҳонӣ: Шароти зиндагӣ дар Афғонистон бисёр вахим аст
Дар баёнияи СММ ҳамчунон омадааст, ки вахомати авзоъ дар Афғонистон бо як буҳрони инсонӣ ва иқтисодии вахим ва маҳдудиятҳои ҳуқуқи асосии занон аз ҷумла озодии гаштугузор, кор, таҳсилу мушорикат дар зиндагии умумӣ ташдид мешавад.
Ба гуфта ин созмон, ҳанҷорҳои иҷтимои суннатӣ, ки истифода аз хушунатро ба унвони навъи инзибот ва контрол мепазирад, хушунат алайҳи занон ва духтаронро одисозӣ мекунад.
Дар баёнияи тасреҳ шудааст: “дар ғиоби қавонин ва сиёсатҳое, ки аз баробарии ҷинсият ва ҳуқуқи занон ҳимоят мекунад, ироаи фармонҳое, ки ба ҳазфи систематики занон аз зиндаигии умумӣ ва сиёсӣ кумак мекунад, нармҳои иҷтимоӣ ва зербиноӣ, ки боиси тадовуми нобаробар мешавадро ҷасуртар сохтааст”.
Лентаи хабарҳо
0