https://sputnik.tj/20221125/bonki-jahoni-sharoti-zindagi-dar-afghoniston-bisyor-vakhim-ast--1053070143.html
Бонки Ҷаҳонӣ: Шароти зиндагӣ дар Афғонистон бисёр вахим аст
Бонки Ҷаҳонӣ: Шароти зиндагӣ дар Афғонистон бисёр вахим аст
Sputnik Тоҷикистон
Аксари хонаводаҳои Афғонистон ҳамчунон барои таъмини ниёзҳои авалияи ғизоӣ ва ғайриғизоии худ талош мекунанд. Фақру бекорӣ дар ин кишвар афзоиш ёфтааст
2022-11-25T17:11+0500
2022-11-25T17:11+0500
2022-11-25T17:11+0500
афғонистон
фақр
бекорӣ
бонки ҷаҳонӣ
гузориш
ғизо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/17/1051629314_0:321:3071:2048_1920x0_80_0_0_35ead86a2faedbabc18861f67f423dcb.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар гузорише Бонки Ҷаҳонӣ, ки ахиран мунташир кард, вазъияти зиндагии мардум дар Афғонистон аз моҳи июн то августи соли равон баррасӣ шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Банки Ҷаҳонӣ дар баёнияе гуфтааст, ки дар маҷмуъ ин гузориш тасвири ваҳшатноке аз зиндагӣ дар Афғонистон ба далели сахтиҳои ҷорӣ ва сатҳи болои ноамнии ғизоӣ, ки бар иқтисоду рифоҳи афғонҳо ба вижаи занону духтарони таъсир мухарриб дорад, тарсим мекунад.Ба гуфта Млиндо Гуд, мудири кишвар барои Афғонистон дар Бонки Ҷаҳонӣ "бисёр нигарон кунандааст, ки мебеинем аксари хониводаҳои афғон ҳамчунон бо мушкилоти иқтисодии азиме рӯ ба рӯ ҳастанд ва дастрасӣ ба омӯзиш ба вижа барои духтарон ба шиддат маҳдӯд мешавад".Яке аз нуктаҳои калидии ин гузориш афзоиши қимати маводи ғизоӣ ва авоқиби тулонии хушксолӣ дар соли гузашта дар кишвар аст, ки мунҷар ба маҳдуд будани қимат ва дастрасии маводи ғизоӣ шудааст ва ду сеюм ҷамъияти Афғонистонро барои қарор додани ғизо бар рӯй миз бо мушкил мувоҷеҳ мекунад.Бар асоси назарсанҷии Бонки Ҷаҳонӣ 65 дарсад аз ширкаткунандагон фикр мекарданд, ки шароити иқтисодии хониводаҳояшон дар 12 моҳи оянда бадтар хоҳад шуд.Аз октябри 2021 то июни 2022 иштиғол дар миёни сарпарастони хонавода бо афзоиши андаке дар кори ҳуқуқӣ дар бахши хусусӣ афзоиш ёфт, дар ҳоле, ки иштиғол дар бахши давлатӣ ба таври қобили таваҷҷуҳии поинтар буд.Пас аз ба даст гирифтани қудрати тавассути толибон таваққуфи кумакҳои хориҷӣ, фақр дар саросари Афғонистон ташдид шуд.Бар асоси гузориши ҷадиди комитаи байналмилалии Салиби Сурх, наздик ба 20 миллион нафар дар Афғонистон акнун ба ғизои кофӣ дастрасӣ надоранд ва беш аз 24 миллион нафари дигари ниёз ба кумакҳои башардӯстона доранд.
https://sputnik.tj/20221124/rahmon-tahkim-hifzi-marz-tojikiston-afghoniston-1053029082.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/17/1051629314_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_9a538da2b8a76e72ad6e06ef26e4e107.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, бонки ҷаҳонӣ, шароит, зиндагӣ, ниёз, ғизо, мушкил, фақр, бекорӣ
афғонистон, бонки ҷаҳонӣ, шароит, зиндагӣ, ниёз, ғизо, мушкил, фақр, бекорӣ
Бонки Ҷаҳонӣ: Шароти зиндагӣ дар Афғонистон бисёр вахим аст
Аксари хонаводаҳои Афғонистон ҳамчунон барои таъмини ниёзҳои авалияи ғизоӣ ва ғайриғизоии худ талош мекунанд. Фақру бекорӣ дар ин кишвар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар гузорише Бонки Ҷаҳонӣ, ки ахиран мунташир кард, вазъияти зиндагии мардум дар Афғонистон аз моҳи июн то августи соли равон баррасӣ шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Банки Ҷаҳонӣ дар баёнияе гуфтааст, ки дар маҷмуъ ин гузориш тасвири ваҳшатноке аз зиндагӣ дар Афғонистон ба далели сахтиҳои ҷорӣ ва сатҳи болои ноамнии ғизоӣ, ки бар иқтисоду рифоҳи афғонҳо ба вижаи занону духтарони таъсир мухарриб дорад, тарсим мекунад.
Ба гуфта Млиндо Гуд, мудири кишвар барои Афғонистон дар Бонки Ҷаҳонӣ "бисёр нигарон кунандааст, ки мебеинем аксари хониводаҳои афғон ҳамчунон бо мушкилоти иқтисодии азиме рӯ ба рӯ ҳастанд ва дастрасӣ ба омӯзиш ба вижа барои духтарон ба шиддат маҳдӯд мешавад".
Яке аз нуктаҳои калидии ин гузориш афзоиши қимати маводи ғизоӣ ва авоқиби тулонии хушксолӣ дар соли гузашта дар кишвар аст, ки мунҷар ба маҳдуд будани қимат ва дастрасии маводи ғизоӣ шудааст ва ду сеюм ҷамъияти Афғонистонро барои қарор додани ғизо бар рӯй миз бо мушкил мувоҷеҳ мекунад.
Бар асоси назарсанҷии Бонки Ҷаҳонӣ 65 дарсад аз ширкаткунандагон фикр мекарданд, ки шароити иқтисодии хониводаҳояшон дар 12 моҳи оянда бадтар хоҳад шуд.
Аз октябри 2021 то июни 2022 иштиғол дар миёни сарпарастони хонавода бо афзоиши андаке дар кори ҳуқуқӣ дар бахши хусусӣ афзоиш ёфт, дар ҳоле, ки иштиғол дар бахши давлатӣ ба таври қобили таваҷҷуҳии поинтар буд.
Пас аз ба даст гирифтани қудрати тавассути толибон таваққуфи кумакҳои хориҷӣ, фақр дар саросари Афғонистон ташдид шуд.
Бар асоси гузориши ҷадиди комитаи байналмилалии Салиби Сурх, наздик ба 20 миллион нафар дар Афғонистон акнун ба ғизои кофӣ дастрасӣ надоранд ва беш аз 24 миллион нафари дигари ниёз ба кумакҳои башардӯстона доранд.