Русияву Тоҷикистон хостори таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ҳастанд

© ТПП ТаджикистанаТПП Таджикистана встретилась с представителей бизнеса Курганской области РФ
ТПП Таджикистана встретилась с представителей бизнеса Курганской области РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2022
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе вазъи кунуни ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни палатаҳои савдои Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ахиран дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мулоқоти ҳайати тиҷоратии вилояти Қурғони Русия бо муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабов сурат гирифт, иттилоъ додааст Палатаи савдо ва саноати кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ ҳайати вилояти Қурғони Русияро Президенти Иттифоқи Палатаи савдо ва саноати вилояти Курган Иля Назаренко роҳбарӣ мекард.
Зимни мулоқот роҳбарияти Палатаи савдои Тоҷикистон ба меҳмонон дар бораи вазъи иқтисодии кишвар, фазои мусоиди сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, ташкили намоишгоҳҳои тахассусию универсалӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани маҳсулоти ватанӣ дар вилояти Қурғони Русия маълумот пешниҳод гардид.
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2022
Соҳибкорони вилояти Қурғони Русия ба Тоҷикистон омаданд
Қайд карда шудааст, ки дар ин вохӯрӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Фарҳод Расулзода ва намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Усмоналӣ Латифӣ иштирок намуда, дар бораи ба иқтидори содиротии вилояти Хатлон ва инчунин имконият дар самти рушди сайёҳии кишвар маълумот пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми мулоқот тарафҳо дар бораи ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва вилояти Қурғони Русия дар чаҳорчӯби бахши тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Лентаи хабарҳо
0