https://sputnik.tj/20221125/putin-modaron-ittiloot-internet-bovar-1053074174.html
Путин аз модарон хост, ба иттилоот дар интернет бовар накунанд
Путин аз модарон хост, ба иттилоот дар интернет бовар накунанд
Sputnik Тоҷикистон
Муборизаи иттилоотӣ ҳамеша буд, аммо бо назардошти рушди технологияи муосир он махсусан муассир шудааст, таъкид намуд раисҷумҳури Русия
2022-11-25T18:16+0500
2022-11-25T18:16+0500
2022-11-25T18:16+0500
дар русия
владимир путин
сиёсат
президент
иттилоот
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/13/1052254320_394:222:2708:1524_1920x0_80_0_0_2a718e19fd032b41541ecf02a177184c.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Иттилоот силоҳи мубориза ва хеле муассир аст, изҳор дошт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мулоқот бо модарони иштирокдори амалиёти низомӣ дар Донбас. Дар ин мулоқот, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи модарон дар Русия баргузор шуд, Путин ҳамаи иштирокдорони амалиёти низомиро қаҳрамон хонд, ки чунин тарбияро аз оила аз намунаи шахсии волидон гирифтаанд. Вай гуфт, зиндагӣ албатта мураккабтару гуногунтар аз онест, ки дар экранҳои телевизионҳои Тоҷикистон намоиш дода мешавад. Ӯ ҳамчунин аз интернет зикр намуд, ки он ҷо аслан ба чизе бовар кардан мумкин нест, чун пур аз фейку фиребу дурӯғ аст. Ӯ афзуд, ҳамлаҳои иттилоотӣ яке аз муассиртарин навъҳои мубориза аст. Сарвари давлат ҳамчунин қайд кард, ки мулоқотро барои он баргузор кард, ки мехоҳад баҳою иттилоъи мустақим бигирад ва андешаву пешниҳодҳои модаронро бишнавад. Қаблан мудири кулли гуруҳи расонаии "Россия сегодня", Дмитрий Киселёв зимни як ҳамоиш гуфт, алайҳи Русия ҳамлаи густардаи иттилоотӣ сурат гирифта истодааст."Таҷовузи иттилоотии ошкоро сурат гирифта истодааст, тамоми воситаҳои имконпазир дар ҷангҳои иттилоотиро истифода мебаранду васоили навро ихтироъ мекунанд", - гуфт ӯ. Киселёв афзуд, ҳамлагарони иттилоотӣ муваффақ нахоҳанд шуд, зеро ҳақиқат аз ҷониби Русия аст ва зидди онҳоест, ки алайҳи ФР ва амалан бар зидди тамоми ҷаҳон таҷовуз оғоз кардаанд.
https://sputnik.tj/20221102/kiselyov-rusiya-jangi-ittilooti-piruz-1052578065.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/13/1052254320_185:0:2916:2048_1920x0_80_0_0_2720d6d8849a32a1b22039e4a729b53a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, путин, модарон, иштирокдорон, амалиёт
мулоқот, путин, модарон, иштирокдорон, амалиёт
Путин аз модарон хост, ба иттилоот дар интернет бовар накунанд
Муборизаи иттилоотӣ ҳамеша буд, аммо бо назардошти рушди технологияи муосир он махсусан муассир шудааст, таъкид намуд раисҷумҳури Русия
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Иттилоот силоҳи мубориза ва хеле муассир аст, изҳор дошт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мулоқот бо модарони иштирокдори амалиёти низомӣ дар Донбас.
Дар ин мулоқот, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи модарон дар Русия баргузор шуд, Путин ҳамаи иштирокдорони амалиёти низомиро қаҳрамон хонд, ки чунин тарбияро аз оила аз намунаи шахсии волидон гирифтаанд.
Вай гуфт, зиндагӣ албатта мураккабтару гуногунтар аз онест, ки дар экранҳои телевизионҳои Тоҷикистон намоиш дода мешавад. Ӯ ҳамчунин аз интернет зикр намуд, ки он ҷо аслан ба чизе бовар кардан мумкин нест, чун пур аз фейку фиребу дурӯғ аст.
"Ҳамлаҳои иттилоотӣ сурат мегиранд. Ин қаблан буд, аммо бо назардошти технологияҳои муосир, он махсусан муҳим ва муассир гардид. Иттилоот ҳам як силоҳи мубориза аст", - таъкид намуд Путин.
Ӯ афзуд, ҳамлаҳои иттилоотӣ яке аз муассиртарин навъҳои мубориза аст. Сарвари давлат ҳамчунин қайд кард, ки мулоқотро барои он баргузор кард, ки мехоҳад баҳою иттилоъи мустақим бигирад ва андешаву пешниҳодҳои модаронро бишнавад.
Қаблан мудири кулли гуруҳи расонаии "Россия сегодня", Дмитрий Киселёв зимни як ҳамоиш гуфт, алайҳи Русия ҳамлаи густардаи иттилоотӣ сурат гирифта истодааст.
"Таҷовузи иттилоотии ошкоро сурат гирифта истодааст, тамоми воситаҳои имконпазир дар ҷангҳои иттилоотиро истифода мебаранду васоили навро ихтироъ мекунанд", - гуфт ӯ.
Киселёв афзуд, ҳамлагарони иттилоотӣ муваффақ нахоҳанд шуд, зеро ҳақиқат аз ҷониби Русия аст ва зидди онҳоест, ки алайҳи ФР ва амалан бар зидди тамоми ҷаҳон таҷовуз оғоз кардаанд.