https://sputnik.tj/20221125/kreml-sarusado-omodagi-basiji-navbati-1053070995.html
Кремл сарусадо атрофи омодагӣ ба басиҷи навбатиро такзиб кард
Кремл сарусадо атрофи омодагӣ ба басиҷи навбатиро такзиб кард
Sputnik Тоҷикистон
Хабарҳои паҳншуда дар мавриди омодагиҳо ба басиҷи навбатӣ, ки гӯия роҳбарияти Русия то охири соли равон ба нақша гирифтааст, беопояанд
2022-11-25T17:40+0500
2022-11-25T17:40+0500
2022-11-25T17:40+0500
дар русия
амният ва мудофиа
кремл
басиҷ
дмитрий песков
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101418/01/1014180168_0:36:1601:936_1920x0_80_0_0_52d2f72a533dfbe585f7ace714cc10af.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Маълумот дар бораи паёми президенти Русия, ки дар он гӯиё раисҷумҳур, Владимир Путин"басиҷи навбатӣ" эълон мекунад, дуруст нест, изҳор дошт котиби матбуотии Кремл, Дмитрий Песков. Ба иттилои Песков ҳеч чунин масъалае дар Кремл мавриди баррасӣ қарор надорад. Қаблан дар бархе аз пойгоҳҳо хабарҳо паҳн гардиданд, ки гӯиё Путин то охири сол бо як паём унвонии мардуми кишвар муроҷиат хоҳад кард. Таъкид мешуд, ки дар ин паём дар баробари "сафарбарсозии навбатии сарбозони афсарон" инчунин масоили иқтисод ва қоидаҳои нави бозиҳои ҷаҳонӣ ироа хоҳанд шуд. Ба суол, ки оё ин ҳама ба воқеият мувофиқат мекунад, Песков посухи манфӣ додаст. Маврид ба зикр аст, ки Владимир Путин рӯзи 21 сентябр аз сафарбаркунии нисбӣ дар кишвар хабар дода буд.Тибқи фармони ӯ, танҳо шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки дар захира ҳастанд ва дар навбати аввал онҳое, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хидмат кардаанд, дорои ихтисосҳои муайяни ҳарбӣ ва таҷрибаи дахлдор мебошанд, даъват шуданд. Дар умум нақшаи даъвати 300 ҳазор нафар таъйид шуда буд.Вазорати мудофиаи Русия аллакай 28 октябр аз анҷоми басиҷи нисбӣ дар кишвар гузориш дода, афзуд, теъдоди муқарраршуда аллакай ба артиш сафарбар гардиданд. Теъдоди сафарбаршудаи шаҳрвандон ҳамагӣ ҳудуди як дарсад аз зарфияти умумии нерӯҳои захиравии Русия арзёбӣ мешаванд, ки то 25 млн нафар гуфта мешаванд.
https://sputnik.tj/20220929/shahrvandon-khidmat-nizomi-kishvar-khorij-qonunshikani-1051760350.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101418/01/1014180168_79:0:1402:992_1920x0_80_0_0_3bc70128d87458a8432d15c4109688d3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, кремл, басиҷ, нисбӣ, омодагӣ, сарусадо
шарҳ, кремл, басиҷ, нисбӣ, омодагӣ, сарусадо
Кремл сарусадо атрофи омодагӣ ба басиҷи навбатиро такзиб кард
Хабарҳои паҳншуда дар мавриди омодагиҳо ба басиҷи навбатӣ, ки гӯия роҳбарияти Русия то охири соли равон ба нақша гирифтааст, беопояанд
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Маълумот дар бораи паёми президенти Русия, ки дар он гӯиё раисҷумҳур, Владимир Путин"басиҷи навбатӣ" эълон мекунад, дуруст нест, изҳор дошт котиби матбуотии Кремл, Дмитрий Песков.
Ба иттилои Песков ҳеч чунин масъалае дар Кремл мавриди баррасӣ қарор надорад.
Қаблан дар бархе аз пойгоҳҳо хабарҳо паҳн гардиданд, ки гӯиё Путин то охири сол бо як паём унвонии мардуми кишвар муроҷиат хоҳад кард.
Таъкид мешуд, ки дар ин паём дар баробари "сафарбарсозии навбатии сарбозони афсарон" инчунин масоили иқтисод ва қоидаҳои нави бозиҳои ҷаҳонӣ ироа хоҳанд шуд.
Ба суол, ки оё ин ҳама ба воқеият мувофиқат мекунад, Песков посухи манфӣ додаст.
Маврид ба зикр аст, ки Владимир Путин рӯзи 21 сентябр аз сафарбаркунии нисбӣ дар кишвар хабар дода буд.
Тибқи фармони ӯ, танҳо шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки дар захира ҳастанд ва дар навбати аввал онҳое, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хидмат кардаанд, дорои ихтисосҳои муайяни ҳарбӣ ва таҷрибаи дахлдор мебошанд, даъват шуданд. Дар умум нақшаи даъвати 300 ҳазор нафар таъйид шуда буд.
Вазорати мудофиаи Русия аллакай 28 октябр аз анҷоми басиҷи нисбӣ дар кишвар гузориш дода, афзуд, теъдоди муқарраршуда аллакай ба артиш сафарбар гардиданд.
Теъдоди сафарбаршудаи шаҳрвандон ҳамагӣ ҳудуди як дарсад аз зарфияти умумии нерӯҳои захиравии Русия арзёбӣ мешаванд, ки то 25 млн нафар гуфта мешаванд.