https://sputnik.tj/20220929/shahrvandon-khidmat-nizomi-kishvar-khorij-qonunshikani-1051760350.html
Шаҳрвандони муваззаф ба хидмати низомӣ агар аз кишвар хориҷ шаванд, қонуншиканӣ кардаанд
Шаҳрвандони муваззаф ба хидмати низомӣ агар аз кишвар хориҷ шаванд, қонуншиканӣ кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Сенатор рус мегӯяд, машмули низом вазифа, ки бидуни варақаи даъват ба сафи артиш берун аз кишвар меравад, қавонинро нақз мекунанд
2022-09-29T16:38+0500
2022-09-29T16:38+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар русия
хидмат
аскарӣ
артиш
қонуншиканӣ
сенатор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/19/1032338269_0:0:1850:1042_1920x0_80_0_0_55fb08859f9bec92f75dc293c778f395.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Шаҳрванди Русия, ки дар қайди низомӣ қарор дорад, вале даъватнома нагирифтааст, бо сафар ба хориҷа қонуни "Дар бораи омодагии сафарбарӣ ва сафарбарсозӣ"-ро нақз мекунад, гуфт Андрей Клишас, раиси Кумитаи конститутсионии Шӯрои Федератсияи Русия.Ӯ таъкид кард, ки қонун "Дар бораи тартиби хуруҷ аз Русия ва тартиби вуруд ба Русия" сафари чунин шаҳрвандонро ба хориҷи кишвар манъ намекунад.“Бале, воқеан, тибқи Қонуни Русия “Дар бораи тартиби баромадан аз Русия ва тартиби ворид шудан ба Русия” манъи сафар танҳо ба шахсоне, дахл дорад, ки ба хидмати аскарӣ даъват шудаанд ва ё даъватнома барои пайвастан ба сафи артиш гирифтаанд. Конун барои шахсоне, ки дар кайди хизмати ҳарбӣ ҳастанд, вале то хол даъватнома нагирифтаанд, дар давраи сафарбарсозӣ дахл надорад”, - гуфт сенатори рус.Оқои Клишас таъкид кард, ки ин гуна шаҳрвандон имкони ба хориҷ рафтанро доранд ва ҳеҷ махдудияте қавонин мукаррар накардааст."Агар ин гуна шахс дар давраи сафарбарсозӣ аз Русия берун рафта бошад, вай қавонини “басиҷшави”-ро вайрон кардааст, аммо Қонун дар "Дар бораи тартиби рафтан аз Русия"-ро вайрон накардааст", - навиштааст Клишас дар Telegram-канали худ.Пештар вазорати дифои Русия хабар дода буд, ки ҷорӣ кардани маҳдудият дар рафту омади шаҳрвандон ҳангоми басиҷшавии нисбӣ пешбинӣ нашудааст.Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, бар асоси қонун “Дар бораи омодагии сафарбарӣ ва сафарбарсозӣ”, аз лаҳзаи эълони басиҷшавии нисбӣ берун рафтани шаҳрвандон аз макони зисти худ, ки дар қайди ҳарбӣ қарор доранд, бидуни иҷозаи комиссариатҳои ҳарбӣ манъ аст.
https://sputnik.tj/20220923/pisari-rahbari-qrim-basij-nisbi-artish-davat-1051635583.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/19/1032338269_246:0:1769:1142_1920x0_80_0_0_b8d15172e550c6710ee474254288e11b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, қонуншиканӣ, вазифа, низомӣ, қавонин, артиш, варақаи даъват
русия, қонуншиканӣ, вазифа, низомӣ, қавонин, артиш, варақаи даъват
Шаҳрвандони муваззаф ба хидмати низомӣ агар аз кишвар хориҷ шаванд, қонуншиканӣ кардаанд
16:38 29.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Сенатор рус мегӯяд, шаҳрвандони муваззаф ба хидмати низомӣ, ки бидуни варақаи даъват ба сафи артиш берун аз кишвар меравад, қавонинро нақз мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Шаҳрванди Русия, ки дар қайди низомӣ қарор дорад, вале даъватнома нагирифтааст, бо сафар ба хориҷа қонуни "Дар бораи омодагии сафарбарӣ ва сафарбарсозӣ"-ро нақз мекунад, гуфт Андрей Клишас, раиси Кумитаи конститутсионии Шӯрои Федератсияи Русия.
Ӯ таъкид кард, ки қонун "Дар бораи тартиби хуруҷ аз Русия ва тартиби вуруд ба Русия" сафари чунин шаҳрвандонро ба хориҷи кишвар манъ намекунад.
“Бале, воқеан, тибқи Қонуни Русия “Дар бораи тартиби баромадан аз Русия ва тартиби ворид шудан ба Русия” манъи сафар танҳо ба шахсоне, дахл дорад, ки ба хидмати аскарӣ даъват шудаанд ва ё даъватнома барои пайвастан ба сафи артиш гирифтаанд. Конун барои шахсоне, ки дар кайди хизмати ҳарбӣ ҳастанд, вале то хол даъватнома нагирифтаанд, дар давраи сафарбарсозӣ дахл надорад”, - гуфт сенатори рус.
Оқои Клишас таъкид кард, ки ин гуна шаҳрвандон имкони ба хориҷ рафтанро доранд ва ҳеҷ махдудияте қавонин мукаррар накардааст.
"Агар ин гуна шахс дар давраи сафарбарсозӣ аз Русия берун рафта бошад, вай қавонини “басиҷшави”-ро вайрон кардааст, аммо Қонун дар "Дар бораи тартиби рафтан аз Русия"-ро вайрон накардааст", - навиштааст Клишас дар Telegram-канали худ.
Пештар вазорати дифои Русия хабар дода буд, ки ҷорӣ кардани маҳдудият дар рафту омади шаҳрвандон ҳангоми басиҷшавии нисбӣ пешбинӣ нашудааст.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, бар асоси қонун “Дар бораи омодагии сафарбарӣ ва сафарбарсозӣ”, аз лаҳзаи эълони басиҷшавии нисбӣ берун рафтани шаҳрвандон аз макони зисти худ, ки дар қайди ҳарбӣ қарор доранд, бидуни иҷозаи комиссариатҳои ҳарбӣ манъ аст.