Ашраф Ғанӣ қочоқчиёни маводи мухаддирро ба ҷои толибон озод мекард

© Пресс-служба президента АфганистанаПрезидент Афганистана Ашраф Гани
Президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2022
Обуна шудан
Додситони собиқи Афғонистон гуфт, Ғанӣ муҷримони хатарнок аз ҷумла қочоқчиёни маводи мухаддир ва одамрабоёнро ба баҳонаи озоди толибон озод мекард
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Додситони собиқи Афғонистон Фарид Ҳамидӣ дар як мусоҳиба гуфтааст, ки раисҷумҳури пешини ин кишвар Ашраф Ғанӣ ба баҳонаи озодии неруҳои толибон, шумори зиёде аз маҳкумони қочоқи маводи мухаддир, муттаҳамон ба таҷовузи ҷинсӣ ва одамрабоёнро озод кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ҳамидӣ бо баёни ин матлаб ки ин афрод дар шумори хатарноктарин муҷримон ба шумор мерафтанд, далели ин иқдомро фасод дар сатҳи болои ҳукумат Ғанӣ донист.
Ҳамидӣ афзуд, миёни 5 ҳазор неруии толибон "арг" раёсат ҷумҳурӣ 700 муҷрими хатарнокро низ аз зиндон озод карда аст, ки узви гурӯҳи толибон набуданд ва набояд дар феҳристи раҳоӣ қарор мегирифтанд.
Эмомали Рахмон участвуют в первой конференции Центральная Азия + Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2022
Раҳмон аз аҳамияти таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон ёдовар шуд
“Луй Соронвалӣ (додситонӣ) феҳристи аз 700 нафар аз онҳоро мушаххас кард ва навишт ба ҳеҷ сурат раисҷумҳури Афғонистони салоҳияти афву тахфиф (муддати ҳабс) ононро бо тавваҷуҳ ба ҷароимшон надорад. Онҳо қочоқбар маводди мухаддиранд ё ба ҷароимӣ мисли таҷовузи ҷинсӣ ва ахттоф (одамрибоӣ) дастгир шудаанд. Ин феҳрист ба раёсатҷумҳурӣ дода шуд, вале дар асари фасодӣ ки дар дохили арг вуҷуд дошт, номи ин муҷримон дар ин феҳрист шомил шуд", - гуфт Ҳамидӣ.
Давлати пешини Афғонистони пештар дар феҳристи фасодтарин давлатҳои ҷаҳон қарор гирифт ва мавриди интиқоди маҳофили дохилии ин кишвар ва ниҳодҳои хориҷӣ буд.
Дар соли ҷорӣ гузоришҳое аз вазъияти молӣ қобили тавваҷуҳи вузарову мақомоти пешини давлати Ашрафи Ғанӣ дар Амрико ва бархе кишварҳои Аврупо мунташир шуд ки тайи он рифоҳи болои ин мақомот ба фасод ва артишои даврони мудириятӣ онон нисбат дода шуда буд.
Шахси Ашрафи Ғанӣ низ пас аз онки аз Афғонистон гурехт, муттаҳам ба сирқати садҳо ҳазор доллар аз сармояҳои ин кишвар шуд; иттиҳомӣ ки ғании онро такзиб кард.
Лентаи хабарҳо
0