https://sputnik.tj/20221124/rusiya-tojikiston-qudrat-kayhoni-1053046839.html
Сафири Русия Тоҷикистонро як қудрати кайҳонӣ номид
Сафири Русия Тоҷикистонро як қудрати кайҳонӣ номид
Sputnik Тоҷикистон
Дар яке аз муассисаҳои таълимии пойтахти Тоҷикистон, нимпайкараи аввалин инсоне, ки ба кайҳон парвоз кардааст, гузошта шуд. Мактаб низ ба номи ӯст
2022-11-24T18:19+0500
2022-11-24T18:19+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар тоҷикистон
таҳсил
қудрат
рӯзи парчами миллӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/10/1050749930_0:0:2967:1669_1920x0_80_0_0_5ad09d7f7bb30951ed03eb14f31e3f73.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар мактаби русию - тоҷикии Душанбе ба ифтихори кайҳоннаварди шӯравӣ нимпайкара гузошта шуд. Дар муассисаи таълимии ба номи Юрий Алексеевич Гагарин нимпайкараи ӯ қомат афрохт, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон. Дар чорабинӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев низ ширкат дошт. Ба гуфтаи ӯ, дар мактаб рамзҳои зиёди Гагарин, аз ҷумла портрету аксҳо мавҷуданд. Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар Душанбе як чорабинии дигари марбут ба кайҳон баргузор мешавад. Халабон-кайхоннавард Қаҳрамони Русия Салиҷон Шарифов парчами Тоҷикистонро, ки дар кайҳон буд, ба Осорхонаи миллӣ супурд. Ҳангоми парвоз ба Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ Шарифов парчами давлатии Тоҷикистонро бо худ бурд. Ва ҳоло ин осорро ба Осорхонаи миллии кишвар месупорад. "Ин рӯйдод рамзи он аст, ки Тоҷикистон як қудрати кайҳонӣ аст ва аз ин рӯ мо ҷашни давлатиро бо чунин иқдомҳои муҳим таҷлил мекунем", - таъкид кард сафири Русия.Мактаби русию - тоҷикии ба номи Юрий Гагарин дар Душанбе моҳи сентябри соли 2022 ифтитоҳ ёфт. Дар он маросим, раисони ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ба таври онлайн ширкат карданд. Ҳамчунин моҳи сентябр дар Тоҷикистон боз 4 мактаби дигар бо забони русӣ ифтитоҳ ёфт. Онҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҷойгиранд. Дар хар як мактаб 1200 нафар бачагон таҳсил мекунанд. Ба онҳо муаллимони рус таълим медиханд. Барнома махсус барои Тоҷикистон мутобиқ карда шудааст. Сохтмон пурра аз ҷониби ҳукумати Русия маблағгузорӣ карда шуд. Ёдовар мешавем, ки 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии ҷумҳурӣ аст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/10/1050749930_57:0:2788:2048_1920x0_80_0_0_f5a921df68008078c146422d4f05a026.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, омӯзгор
тоҷикистон, русия, омӯзгор
Сафири Русия Тоҷикистонро як қудрати кайҳонӣ номид
18:19 24.11.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Эксклюзив
Дар яке аз муассисаҳои таълимии пойтахти Тоҷикистон, нимпайкараи аввалин инсоне, ки ба кайҳон парвоз кардааст, гузошта шуд. Мактаб низ ба номи ӯст
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар мактаби русию - тоҷикии Душанбе ба ифтихори кайҳоннаварди шӯравӣ нимпайкара гузошта шуд.
Дар муассисаи таълимии ба номи Юрий Алексеевич Гагарин нимпайкараи ӯ қомат афрохт, хабар медиҳад хабарнигори
Sputnik Тоҷикистон.
Дар чорабинӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев низ ширкат дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар мактаб рамзҳои зиёди Гагарин, аз ҷумла портрету аксҳо мавҷуданд.
"Аммо ин нимпайкара ба як рамзи аҷиб ва маркази ҷолиби диққат табдил хоҳад ёфт ва мардум дар идҳои марбут ба кайҳон ва дигар санаҳои муҳим ба ин ҷо меоянд, гулҳо гузошта, аз корнамоии аввалин кайҳоннаварди ҷаҳон ёдовар мешаванд", - гуфт сиёсатмадор.
Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар Душанбе як чорабинии дигари марбут ба кайҳон баргузор мешавад.
Халабон-кайхоннавард Қаҳрамони Русия Салиҷон Шарифов парчами Тоҷикистонро, ки дар кайҳон буд, ба Осорхонаи миллӣ супурд.
Ҳангоми парвоз ба Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ Шарифов парчами давлатии Тоҷикистонро бо худ бурд.
Ва ҳоло ин осорро ба Осорхонаи миллии кишвар месупорад.
"Ин рӯйдод рамзи он аст, ки Тоҷикистон як қудрати кайҳонӣ аст ва аз ин рӯ мо ҷашни давлатиро бо чунин иқдомҳои муҳим таҷлил мекунем", - таъкид кард сафири Русия.
Мактаби русию - тоҷикии ба номи Юрий Гагарин дар Душанбе моҳи сентябри соли 2022 ифтитоҳ ёфт.
Дар он маросим, раисони ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ба таври онлайн ширкат карданд.
Ҳамчунин моҳи сентябр дар Тоҷикистон боз 4 мактаби дигар бо забони русӣ ифтитоҳ ёфт. Онҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҷойгиранд. Дар хар як мактаб 1200 нафар бачагон таҳсил мекунанд.
Ба онҳо муаллимони рус таълим медиханд. Барнома махсус барои Тоҷикистон мутобиқ карда шудааст. Сохтмон пурра аз ҷониби ҳукумати Русия маблағгузорӣ карда шуд. Ёдовар мешавем, ки 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии ҷумҳурӣ аст.