https://sputnik.tj/20221124/bozdosht-maqomdor-bokhtar-vazifa-1053033303.html
Боздошти мақомдори Бохтар, ки ҳафт моҳ пеш вазифа гирифта буд
Боздошти мақомдори Бохтар, ки ҳафт моҳ пеш вазифа гирифта буд
Sputnik Тоҷикистон
Масъули Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Бохтар, ки аз сӯи мақомоти интизоми боздошт шуд, барои аз худ кардани маблағҳои давлатӣ гумонбар дониста мешавад
2022-11-24T13:15+0500
2022-11-24T13:15+0500
2022-11-24T13:15+0500
дар тоҷикистон
боздошт
мақомот
маблағ
давлатӣ
аз худ кардани маблағ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102942/23/1029422318_0:19:3000:1707_1920x0_80_0_0_c80d9f9e2ff170e748783b20abcb13c2.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Мудири шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Бохтар Сафарзода Мавҷуда, барои аз худ кардани маблағҳои давлатӣ дар се ҳолат ва сохтакории ҳуҷатҳои хизматӣ гумонбар дониста мешавад, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.Тибқи иттилои манбаъ, ба хонум Сафарзода ҷарима ва дар ҳолати барқарор накардани зарар аз 2 то 5 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ишғоли вазифаҳои давлатӣ таҳдид мекунад.Тавре ба “Фараж” Муҳиддинзода Сайфиддин Салоҳ, муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтар, хабар додааст, мудири шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Бохтар аз ҷониби мақомоти таъқиби ҷиноятӣ бо моддаҳои 323 аз худ кардани маблғҳои давлатӣ ба андозаи беш аз 7 ҳазор сомонӣ ва 245 қисми 2 сохтакории хизматӣ айбдор карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.“Сафарзода Мавҷуда дар се лаҳзаи аз худ кардани маблағҳои давлатӣ гумонбар дониста шуда, дар лаҳзаи аввал 1980 сомонӣ, лаҳзаи дуввум 691 сомонӣ, лаҳзаи сеюм 5003 сомониро аз худ намудааст. ҳамчунин руйхати ҳисоботи маошҳоро қалбаки омода намуда, бо имзои қалбаки маблағҳоро аз худ намудааст”, - таъкид кардааст манбаъ.Зикр гардидааст, ки тибқи ин модаҳо ба гумонбар ҷарима аз 365 то 912 нишондод ё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.Манбаъ хабар додааст, ки Сафарзода Мавҷуда аз моҳи майи соли ҷори ба ин вазифа таъин гардида то ин дам дар ҳамин идора дар вазифаи дигар хидмат мекард.Дар ҳафт моҳи фаъолияти Мавҷуда Сафарзода шаҳрвандон ба хусус сарбозоне, ки пас аз адои хизмати ҳарбӣ ба хона баргаштаанд аз моҳҳо пардохт нашудани маблағи муайянгардида барои онҳо шикоят ва изҳори нигаронӣ намудаанд.
https://sputnik.tj/20220202/barkanori-400-maqomdor-tojikiston-1045405067.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102942/23/1029422318_233:0:2900:2000_1920x0_80_0_0_b01b310c637a76a6c60f8b3d4d1752bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бохтар, боздошт, мақомдор, гумонбар, азхудкунии маблағҳо
тоҷикистон, бохтар, боздошт, мақомдор, гумонбар, азхудкунии маблағҳо
Боздошти мақомдори Бохтар, ки ҳафт моҳ пеш вазифа гирифта буд
Масъули Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Бохтар, ки аз сӯи мақомоти интизоми боздошт шуд, барои аз худ кардани маблағҳои давлатӣ гумонбар дониста мешавад
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Мудири шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Бохтар Сафарзода Мавҷуда, барои аз худ кардани маблағҳои давлатӣ дар се ҳолат ва сохтакории ҳуҷатҳои хизматӣ гумонбар дониста мешавад, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Тибқи иттилои манбаъ, ба хонум Сафарзода ҷарима ва дар ҳолати барқарор накардани зарар аз 2 то 5 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ишғоли вазифаҳои давлатӣ таҳдид мекунад.
Тавре ба “Фараж” Муҳиддинзода Сайфиддин Салоҳ, муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтар, хабар додааст, мудири шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Бохтар аз ҷониби мақомоти таъқиби ҷиноятӣ бо моддаҳои 323 аз худ кардани маблғҳои давлатӣ ба андозаи беш аз 7 ҳазор сомонӣ ва 245 қисми 2 сохтакории хизматӣ айбдор карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
“Сафарзода Мавҷуда дар се лаҳзаи аз худ кардани маблағҳои давлатӣ гумонбар дониста шуда, дар лаҳзаи аввал 1980 сомонӣ, лаҳзаи дуввум 691 сомонӣ, лаҳзаи сеюм 5003 сомониро аз худ намудааст. ҳамчунин руйхати ҳисоботи маошҳоро қалбаки омода намуда, бо имзои қалбаки маблағҳоро аз худ намудааст”, - таъкид кардааст манбаъ.
Зикр гардидааст, ки тибқи ин модаҳо ба гумонбар ҷарима аз 365 то 912 нишондод ё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Манбаъ хабар додааст, ки Сафарзода Мавҷуда аз моҳи майи соли ҷори ба ин вазифа таъин гардида то ин дам дар ҳамин идора дар вазифаи дигар хидмат мекард.
Дар ҳафт моҳи фаъолияти Мавҷуда Сафарзода шаҳрвандон ба хусус сарбозоне, ки пас аз адои хизмати ҳарбӣ ба хона баргаштаанд аз моҳҳо пардохт нашудани маблағи муайянгардида барои онҳо шикоят ва изҳори нигаронӣ намудаанд.