Парлумон розӣ: Ҳукумат 1 миллиард сомонии дигарро қарз мегирад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЗаседание правительства Таджикистана 8 апреля 2016 года
Заседание правительства Таджикистана 8 апреля 2016 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2022
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон аз вакилони Маҷлиси намояндагони кишвар розигӣ хост, ки ба андозаи 1 млрд сомонии дигар қарзи давлатӣ ҷалб карда шавад
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон аз пешниҳоди ҳукумати кишвар барои гирифтани қарзи давлатӣ ҷонибдорӣ намуд, хабар дод нашрияи парлумонӣ, "Садои мардум".
Бар асоси пешниҳоди ҳукумат, ки таҳти имзои раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд, аз вакилон розигӣ барои гирифтани 1 млрд сомонӣ қарзи давлатӣ дархост гардид.
Дар пешниҳод таъкид гардидаст, ки қарзи мазкур бо суди 2%-и солона ҷалб карда мешавад.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон 325 доллар қарздор аст
Вазири молияи Тоҷикис­тон Файзиддин Қаҳҳорзода тарҳи мазкурро дар парлумон муаррифӣ намуд ва вакилон аз он ҷонибдорӣ намуданд.
Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, Азиз Гиёзода зимни даъват ба ҷонибдорӣ аз пешниҳоди ҳукумат барои гирифтани қарзи давлатӣ онро мутобиқ ба қонунгузорӣ ва Конститутсия хонд.
"Бояд зикр кард, ки ҷалби маб­лағҳои қарзӣ барои маблағгузорӣ гардидани чорабиниҳои аввалиндараҷаи буҷети давлатӣ равона карда мешавад", - изҳор дошт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон ба ҳолати аввали июли соли равон ҳудуди 3.7 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳудуди 3.2 млрд доллар қарзи хориҷӣ мебошад. Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон ҳамоно Чин боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0