https://sputnik.tj/20221123/tojikiston-argentina-mablaghguzori-sokhtmon-nbo-1053027304.html
Даъвати Тоҷикистон аз Аргентина барои маблағгузории сохтмони НБО-и хурду миёна дар кишвар
Даъвати Тоҷикистон аз Аргентина барои маблағгузории сохтмони НБО-и хурду миёна дар кишвар
Sputnik Тоҷикистон
Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар дар дидор бо сафири Аргентина дар Тоҷикистон хостори ҷалби бештари сармояи Аргентина ба ҷумҳурӣ шуд
2022-11-23T22:00+0500
2022-11-23T22:00+0500
2022-11-23T22:00+0500
дар тоҷикистон
аргентина
сармоя
маблағгузорӣ
ҳамкорӣ
сохтмон
нбо
маблағгузорӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/17/1053027066_0:29:1268:742_1920x0_80_0_0_dbb1911fb46c6e65ab30fc95c757504a.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Ахиран вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ дар дидор бо Сафири навтаъини Аргентина дар Тоҷикистон Леополдо Франсиско Саҳорес масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба байни ду кишварро баррасӣ кард.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ дар рафти вохӯрӣ ҳамзамон масъалаи зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ, ҷалби бештари сармояи Аргентина ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо истифода аз технологияи пешқадами Аргентина, бахусус дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ баррасӣ шуд.Инчунин тарафҳо дар масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳо барои татбиқи лоиҳаҳои “Иқтисоди сабз” мубодилаи афкор намуданд.“Ҳамзамон пешниҳодҳо барои маблағгузории сохтмони НБО-и хурду миёна дар ҳудуди Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки давлатии соҳаи энергетика дар қаламрави кишвар бо истифода аз сармояи аргентинӣ манзур гардид, ки хуш пазируфта шуд”,- таъкид намудааст вазорати иқтисод.Қайд карда шудааст, ки дар ин мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.
https://sputnik.tj/20221025/eloni-qarzho-barq-tojik-sangtuda-1-1052416886.html
аргентина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/17/1053027066_120:0:1148:771_1920x0_80_0_0_7f940844d4f62f0d1b322cff0fa90d77.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, аргентина, даъват, маблағгузорӣ, нбо, хурд, миёна, сохтмон, сармоя
тоҷикистон, аргентина, даъват, маблағгузорӣ, нбо, хурд, миёна, сохтмон, сармоя
Даъвати Тоҷикистон аз Аргентина барои маблағгузории сохтмони НБО-и хурду миёна дар кишвар
Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар дар дидор бо сафири Аргентина дар Тоҷикистон хостори ҷалби бештари сармояи Аргентина ба ҷумҳурӣ шуд
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Ахиран вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ дар дидор бо Сафири навтаъини Аргентина дар Тоҷикистон Леополдо Франсиско Саҳорес масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба байни ду кишварро баррасӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ дар рафти вохӯрӣ ҳамзамон масъалаи зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ, ҷалби бештари сармояи Аргентина ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо истифода аз технологияи пешқадами Аргентина, бахусус дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ баррасӣ шуд.
Инчунин тарафҳо дар масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳо барои татбиқи лоиҳаҳои “Иқтисоди сабз” мубодилаи афкор намуданд.
“Ҳамзамон пешниҳодҳо барои маблағгузории сохтмони НБО-и хурду миёна дар ҳудуди Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки давлатии соҳаи энергетика дар қаламрави кишвар бо истифода аз сармояи аргентинӣ манзур гардид, ки хуш пазируфта шуд”,- таъкид намудааст вазорати иқтисод.
Қайд карда шудааст, ки дар ин мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.