https://sputnik.tj/20221123/harakat-musofirbar-berunazshahr-dushanbe-1053018353.html
Таъйини таваққуфгоҳи нави мусофирбарҳои беруназшаҳрӣ дар Душанбе
Таъйини таваққуфгоҳи нави мусофирбарҳои беруназшаҳрӣ дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Душанбе ҳадафи ин қарорро коҳиш додани шиддати ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар пойтахт ва беҳбуди сифати хизматрасонӣ ба мусофирон арзёбӣ карданд
2022-11-23T17:55+0500
2022-11-23T17:55+0500
2022-11-23T17:57+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
восита
мошин
душанбе
мусофирбар
турсунзода
шаҳринав
ҳисор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032794914_0:312:3000:2000_1920x0_80_0_0_76e94c356b1c87b323e60d545bc3550f.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Нуқтаи ҷадиди таваққуфии мусофирбарҳои самти шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав терминали ҷадид дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода дар назди Боғи миллӣ муқарар карда шуд.Дар ин бора шаҳрдории Душанбе бо нашри як эълон хабар дода, афзуд, ки ин қарор аз 23 ноябр мавриди амал қарор мегирад. Ҳадаф ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбари ба ҳудуди шаҳри Душанбе воридшаванда ва хатҳои сайри дохилишаҳрӣ, коҳиш додани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ҳамзамон баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ арзёбӣ шудаст. Ин дар ҳолест, ки ахиран ҳукумати Душанбе қароргоҳи мошинҳои мусофирбари самти шимоли Тоҷикистонро низ тағйир дод. Бар асоси ин қарор, макони ҷойгиршавии худравҳои мусофирбари самти ноҳияи Варзоб ва шаҳру навоҳии вилояти Суғд терминали "Чорбоғ" таъйин шуд. Таъкид шуда буд, ки қарори раиси Душанбе дар ин бора аллакай аз 21 октябри соли равон мавриди амал қарор гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки ҳамарӯза аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон садҳо мошини мусофирбар вориди Душанбе мешаванд.
https://sputnik.tj/20221118/tanbashavi-dushanbe-estakada-bisyorqabata-1052924320.html
душанбе
турсунзода
шаҳринав
ҳисор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032794914_10:0:2677:2000_1920x0_80_0_0_2f314ae32fc7a0a4551d12c1779363a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, шаҳрдорӣ, мусофирон, пойтахт
эълон, шаҳрдорӣ, мусофирон, пойтахт
Таъйини таваққуфгоҳи нави мусофирбарҳои беруназшаҳрӣ дар Душанбе
17:55 23.11.2022 (Навсозишуда: 17:57 23.11.2022) Шаҳрдории Душанбе ҳадафи ин қарорро коҳиш додани шиддати ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар пойтахт ва беҳбуди сифати хизматрасонӣ ба мусофирон арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Нуқтаи ҷадиди таваққуфии мусофирбарҳои самти шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав терминали ҷадид дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода дар назди Боғи миллӣ муқарар карда шуд.
Дар ин бора шаҳрдории Душанбе бо нашри як эълон хабар дода, афзуд, ки ин қарор аз 23 ноябр мавриди амал қарор мегирад.
Ҳадаф ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбари ба ҳудуди шаҳри Душанбе воридшаванда ва хатҳои сайри дохилишаҳрӣ, коҳиш додани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ҳамзамон баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ арзёбӣ шудаст.
"Аз мусофирон ва ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав хоҳиш карда мешавад, ки минбаъд аз хизматрасонии таваққуфгоҳи назди "Боғи миллӣ" истифода намоянд", - омадааст дар эълон.
Ин дар ҳолест, ки ахиран ҳукумати Душанбе қароргоҳи мошинҳои мусофирбари самти шимоли Тоҷикистонро низ тағйир дод.
Бар асоси ин қарор, макони ҷойгиршавии худравҳои мусофирбари самти ноҳияи Варзоб ва шаҳру навоҳии вилояти Суғд терминали "Чорбоғ" таъйин шуд.
Таъкид шуда буд, ки қарори раиси Душанбе дар ин бора аллакай аз 21 октябри соли равон мавриди амал қарор гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳамарӯза аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон садҳо мошини мусофирбар вориди Душанбе мешаванд.