https://sputnik.tj/20221123/belarus-mahsulot-bozor-tojikiston-pur-mekunad-1053002518.html
Беларус бо маҳсулоти худ бозори Тоҷикистонро пур мекунад
Беларус бо маҳсулоти худ бозори Тоҷикистонро пур мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Корхонаи "БелАЗ"-и Минск тасмим гирифтааст, ки барои лоиҳаҳои нав дар Тоҷикистон воридоти самосвалҳои гуногунро афзоиш диҳад
2022-11-23T09:09+0500
2022-11-23T09:09+0500
2022-11-23T09:09+0500
дар тоҷикистон
беларус
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/16/1053000220_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_d2e82380fd3ac1b110bf181a6e8940f8.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. ҶСК "БелАЗ" омода аст ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон густариш диҳад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти корхона.Ҳайати ин ширкат аз Минск таҳти сарварии директори генералӣ Сергей Никифорович аллакай бо Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дидору гуфтушунид кардааст. Дар ин дидор, ки дар Душанбе баргузор шуд, масъалаи ҳамкорӣ, аз ҷумла имкони тавлиди самосвалҳои истихроҷи маъдан бо зарфияти борбардории 30-45 тонна баррасӣ шуд. Онҳо барои корхонаҳои истихроҷи Тоҷикистон заруранд.Ёдовар мешавем, ки "Заводи автомобилсозии Беларус" соли 1948 таъсис ёфтааст. Ҳоло дар он зиёда аз 200 намуд самосвалҳо ва дигар таҷҳизоти махсус истеҳсол карда мешавад.Қаблан дар ҳошияи ҳамоиши тоҷирони Тоҷикистону Беларус дар Душанбе намоишгоҳи бузурги “Made in Belarus” баргузор шуда буд. Ин чорабинӣ аз ҷониби утоқҳои бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистону Беларус ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ташкил карда шуд. Дар форум намояндагони доираҳои тиҷоратӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ҳамкориҳои мутақобиларо ба роҳ андохтанд.
https://sputnik.tj/20221122/tojikiston-belarus-ravobiti-bayniparlumoniro-taqviyat-medihand-1052998564.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/16/1053000220_142:0:2873:2048_1920x0_80_0_0_bf80d15c995a7eb969c6560c3d9e3f1f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
беларус тоҷикистон
Беларус бо маҳсулоти худ бозори Тоҷикистонро пур мекунад
Корхонаи "БелАЗ"-и Минск тасмим гирифтааст, ки барои лоиҳаҳои нав дар Тоҷикистон воридоти самосвалҳои гуногунро афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. ҶСК "БелАЗ" омода аст ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон густариш диҳад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти корхона.
Ҳайати ин ширкат аз Минск таҳти сарварии директори генералӣ Сергей Никифорович аллакай бо Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дидору гуфтушунид кардааст.
Дар ин дидор, ки дар Душанбе баргузор шуд, масъалаи ҳамкорӣ, аз ҷумла имкони тавлиди самосвалҳои истихроҷи маъдан бо зарфияти борбардории 30-45 тонна баррасӣ шуд. Онҳо барои корхонаҳои истихроҷи Тоҷикистон заруранд.
Ёдовар мешавем, ки "Заводи автомобилсозии Беларус" соли 1948 таъсис ёфтааст. Ҳоло дар он зиёда аз 200 намуд самосвалҳо ва дигар таҷҳизоти махсус истеҳсол карда мешавад.
Қаблан дар ҳошияи ҳамоиши тоҷирони Тоҷикистону Беларус дар Душанбе намоишгоҳи бузурги “Made in Belarus” баргузор шуда буд. Ин чорабинӣ аз ҷониби утоқҳои бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистону Беларус ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ташкил карда шуд.
Дар форум намояндагони доираҳои тиҷоратӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ҳамкориҳои мутақобиларо ба роҳ андохтанд.