Тоҷикистону Белорус равобити байнипарлумониро тақвият медиҳанд

© Sputnik / Амир ИсаевЦентр города Душанбе
Центр города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2022
Обуна шудан
Ба иловаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ҳамчунин дар мавриди ҳамкориҳои ин ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақаӣ низ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти раиси Кумитаи маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот бо сафири Беларус дар Тоҷикистон баргузор шуд, хабар медиҳад котиботи Маҷлиси намояндагон.
Бар хабари манбаъ, Саидмурод Фаттоҳзода ва Виктор Денисенко ба масъалаи густариши ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва парлумони Беларус таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар мулоқот Фаттоҳзода изҳор доштааст, ки таҷрибаи қонунофарии вакилони Маҷлиси намояндагон боз ҳам бойтар гардида, онҳо талош мекунанд, ки санадҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро таҳия ва қабул намоянд.
Шоми дӯстии баргузорнамудаи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2022
Чоряк аср мешиносам, боре баҳс накардаем: Тавсифи Лукашенко аз Раҳмон
Ӯ омили комёбӣ ва муваффақиятро барқарор ва таҳким бахшидани муносибот миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла парлумони Беларус мебошад.
Зикр гардид, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус ба чаҳорчӯбаи муносиботи сиёсию иқтисодӣ асос ёфта, дар сояҳои дӯстӣ раванди рӯ ба инкишофро касб кардааст.
Дар мулоқот дар бораи ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ низ табодули назар карда шуд.
Зикр гардид, ки миёни Тоҷикистон ва Беларус санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки ин санадҳо заминаи таҳкими муносиботи гуногунсоҳаро миёни ни ду кишвар ба вуҷуд овардаанд.
Лентаи хабарҳо
0