Раиси ВМКБ: Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ қонеъкунанда нест

© МИҲД - и Вилояти Мухтори Куҳистони БадахшонАлишер Мирзонабот глава ВМКБ
Алишер Мирзонабот глава ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2022
Обуна шудан
Раиси ВМКБ ахиран дар ҷаласае омодагии мақомоти маҳалӣ ба фасли зимистонро танқид кард ва барои бартараф намудани камбудиҳо супоришҳои ҷиддӣ дод
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Дар ҷаласаи назди раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ, аз ҷойдоштани камбудиҳо дар омодагии мақомот ба фасли зимистон ишора кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси ВМКБ.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин ҷала ҳамчунин муовини якуми раиси вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳия, роҳбарони муассисаҳои нигаҳдории роҳҳои автомабилгарди ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Дар ин ҷаласа, масъалаи ҷобаҷокунии техникаҳо ва зимистонгузаронӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.
Ҷаласаи назди раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2022
Додситони ВМКБ Парвиз Орифзода дар бораи сӯиқасд ба ҷони худ гуфт
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар ин ҷаласа Мирак Наимов, сардори ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ, гуфтааст, ки дар тавозуни муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои вилоят, дар маҷмуъ, 118 техника ва механизм мавҷуд буда, аз инҳо 43 ададаш корношоям мебошад.
“Захираи маводи зидди лағжиш тибқи нақша бояд 16220 метр мукааб захира мешуд, вале то имрӯз нақша пурра иҷро нагардидааст. Сӯзишвории дизелӣ ба ҷойи 68200 литр 10400 литр захира гаштааст”, - таъкид кардааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, Мирзонабот Алишер Худобердӣ барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулон супоришҳои ҷиддӣ дод.
Лентаи хабарҳо
0