Тоҷикистон рӯзи парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегирад

© Sputnik / Амир ИсаевФлаг Таджикистана
Флаг Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2022
Обуна шудан
Бо фармони раисҷумҳури кишвар ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ ташкил мешавад
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Рӯзи 23 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев бо иштироки ҳунармандони мамлакат барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ доир мегардад, иттилоъ додааст маркази матбуоти Вазорати фарҳанг.
Барномаи консертӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳангбаргузор шуда, дар он устодони санъати тоҷик суруду таронаҳои ҷаззобро доир ба мавзӯъҳои Ватан-Модар ва истиқлолияту ҳувияти миллӣ иҷро менамоянд.
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар муассисаҳои фарҳангии кишвар ҳамоишҳои илмию оммавӣ, аз қабили суҳбату вохӯриҳо, намоиши китобҳо ва конференсияҳо вобаста ба муаррифии таърихи Парчами миллӣ баргузор мегарданд.
Государственный флаг Таджикистана в городе Хорог. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Дастури Озода Раҳмон барои таҷлили арзандаи Рӯзи парчам дар ВМКБ
Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ қабул гардид.
Бо мақсади гиромидошти ин рамз 20 ноябри соли 2009 бо фармони Президенти мамлакат 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон эълон гардид.
Дар ин рӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Аз ҳамон сол инҷониб ин сана дар мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
30 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Парчами Тоҷикистон дар пояи махсус барафрохта шуд. Баландии он 165 метр буда, ҳамон сол баландтарин пояи парчами давлатӣ дар ҷаҳон дониста мешуд ва ба китоби "Рекордҳои Гиннес" ворид гардид.
Лентаи хабарҳо
0