Дастури Озода Раҳмон барои таҷлили арзандаи Рӯзи парчам дар ВМКБ

© © Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкГосударственный флаг Таджикистана в городе Хорог.
Государственный флаг Таджикистана в городе Хорог. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Обуна шудан
Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷлили бошукӯҳи Рӯзи парчами давлатӣ дастур додааст
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Таҷлили Рӯзи парчами давлатӣ дар ВМКБ аз мавзуъҳои меҳварии машварати назоратии назди раиси навтаъйини вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ буд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳукумати ВМКБ, дар ҷаласаи назди раиси вилоят ба ҳозирин барқияи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар бораи таҷлили арзанда аз Рӯзи парчами давлатӣ ба самъи ҳозирин расонда шуд.
Манбаъ афзуд, Алишер Мирзонабот изҳор дошт, ки арҷ гузоштан ба парчами давлатӣ эҳтиром намудани Ватану модари худ буда, он пеш аз ҳама муаррифи нангу номус, шарафу иқбол ва номи бузурги давлату миллат аст.
Здание правительства Республики Таджикистан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2020
Раҳмон гуфт, парчам чун нишони сарисинагӣ ва дар хонаҳои истиқоматӣ васеъ истифода гардад
Таъкид шудааст, ки барои дар сатҳи лозимӣ таҷлил намудани ин ҷашн муассисау идораҳои давлативу ғайридавлатии ҳудуди вилоят барои пос доштани арзишҳои миллӣ парчами Тоҷикистонро дар биною иншоот насб намоянд.
Парчами давлатии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул шуда, дар ҷумҳурӣ аз соли 2009 ҳамасола 24 ноябр чун Рӯзи парчам таҷлил мегардад. Парчами давлатии Тоҷикистон соли 2011-ум дар маркази шаҳри Душанбе дар пояи ҳудуди 165-метрӣ насб гардидааст, ки яке аз баландтаринҳо дар ҷаҳон буда, шомили китоби Гиннес низ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0