Чоряк аср мешиносам, боре баҳс накардаем: Тавсифи Лукашенко аз Раҳмон

© Дафтари матбуотии раисҷумҳури ТоҷикистонШоми дӯстии баргузорнамудаи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко дар Душанбе
Шоми дӯстии баргузорнамудаи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Белорус яке аз монандиҳояш бо президенти Тоҷикистонро дар он гуфт, ки танҳо ин ду роҳбар силоҳ гирифтаанд то амнияту истиқлолро таъмин созанд
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Президенти Белорус, Александр Лукашенко гуфт, ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмонро чоряк аср мешуниосад, аммо ёд надорад, ки боре тунд суҳбат карда бошанд, ё баҳсе кунанд.
Вай ин нуктаро дар мулоқот бо раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода баён дошта, ин падидаро ба монандии мардуми ду кишвар рабт дод.
"Мардумҳои мо ба ҳам монанданд. Ҳатто метавон гуфт, аз ҳамдигар фарқ надоранд. Мардуми меҳрубон, меҳнатдӯст, боистеъдод ҳастанд. Ва дар ин замина мо дар муносибатҳоямон то андозае комёбиҳо дорем", - гуфт Лукашенко.
Вай аз ҷумла зикр намуд, ки Раҳмонро чоряк аср мешиносад, аммо боре ҳам сахт суҳбат накардаанд.
"Мо ҳамеша як мавқеъ доштем, дар ҳамаи масъалаҳо. Мо ҳамеша ҳамдигарро дастгирӣ мекардем. Ин на аз он сабаб, ки мо дӯст ҳастем. Барои ман ӯ ҳамеша намунаи хидматгори ватан, як шахси фидокор буд", - гуфт Лукашенко.
Президент Беларуси Александр Лукашенко на встрече с Премьер-министром Таджикистана Кохиром Расулзодой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2022
Дӯстӣ дар бозор: Лукашенко гуфт, чиро метавонад ба Тоҷикистон фурӯшаду чиро харад - видео
Вай афзуд, танҳо раҳбарони Беларус ва Тоҷикистон омодаанд, ки соҳибихтиёрӣ ва амнияти кишварро бо силоҳ дар даст дифоъ кардаанд. Президенти Белорус гуфт, соли 2020 автомат ба даст гирифт, аммо Эмомалӣ Раҳмон пештар дар оғози ташаккули давлатдории муосир мубориза бурдаст.
Маҳмадтоир Зокирзода дар навбати худ гуфт, мардуми Тоҷикистон раҳбари Беларусро ҳамчун сиёсатмадори хирадманду ошкорбаён қадр мекунанд. Тоҷикистон дар симои Беларус дӯсти боэътимод, шарики стратегӣ ва ҳамфикр дорад, афзуд раиси парлумон.
Лентаи хабарҳо
0