Иштироки Темур Раҳимов дар чемпионати Аврупо дар Гурҷистон

© Национальный олимпийский комитет Республики ТаджикистанТаджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Марокко
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Марокко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2022
Обуна шудан
Дар шаҳри Гории Гурҷистон 26 ноябр Чемпионати Аврупо миёни бузургсолон (European Judo Championships — Champions League (W&M) 2022) баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ҳамагӣ як паҳлавон Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 килограмм муаррифӣ хоҳад кард, хиттилоъ додааст Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Дар чемпионат рақобатҳо аз рӯи 10 вазн (5 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни занон) миёни 161 варзишгар аз 26 кишвари ҷаҳон доир мешаванд.Ёдовар мешавем, ки ҳоло Темур Раҳимов миёни сангинвазнҳо дзюдочии рақами яки ҷаҳон аст.
Бояд қайд кард, ки мусобиқаи байналмилалии “Baku Grand Slam 2022—и гӯштини дзюдо, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон аз 4 то 6 ноябр бо иштироки 391 варзишгар (227 мард, 164 зан) аз 63 кишвар доир шуд, Тоҷикистонро 12 нафар варзишгар намояндагӣ карданд ва танҳо ба Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 66 кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг муяссар шуд, ки соҳиби медали фахрии ин мусобиқа шаванд.
Борьба на поясах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Варзишгарони тоҷик ноиби қаҳрамонҳои ҷаҳон оид ба гуштингирӣ гардиданд
Ёдовар мешавем, ки қаблан 26 октябри ҳамин сол Темур Раҳимов дар Мусобиқаии байналмилалии “Abu Dhabi Grand Slam 2022”-ии гӯштини дзюдо соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.
Ин медали 4-уми Темур Раҳимов дар мусобиқаҳои байналмилалии Гранд Слам дар соли 2022 мебошад. Ӯ дар Гранд Слами Телавив ва Гранд Слами Анталия низ медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Инчунин Темур Раҳимов дар мусобиқаи “Baku Grand Slam 2022”оид ба гӯштини дзюдо соҳиби 1000 имтиёзи олимпӣ гардид ва мавқеашро ҳамчун варзишгари рақами яки сайёра нигоҳ дошт.
Лентаи хабарҳо
0