https://sputnik.tj/20220523/varzishgaroni-tojik-noibi-chempionhoi-jahon-oid-ba-gushtingiri-gardidand-1048639114.html
Варзишгарони тоҷик ноиби қаҳрамонҳои ҷаҳон оид ба гуштингирӣ гардиданд
Варзишгарони тоҷик ноиби қаҳрамонҳои ҷаҳон оид ба гуштингирӣ гардиданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тотористон Ҷоми ҷаҳонии куштии камарбандӣ ба анҷом расид. Намояндагони 25 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла як даста аз Тоҷикистон низ рақобат карданд 23.05.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-05-23T11:31+0500
2022-05-23T11:31+0500
2022-05-23T14:09+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
гуштин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102116/71/1021167147_0:0:2513:1415_1920x0_80_0_0_365903185de5c376aaf21c7cafe867d2.jpg
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба куштии камарбандӣ мақоми дувумро касб кард. Дар Тотористон мусобиқаҳои байналмилалӣ баргузор шуданд, ки дар он беш аз 150 варзишгар аз 25 кишвари ҷаҳон ҷамъ омада буданд. Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа хуб баромад карда, се медали нуқра гирифтанд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Федератсияи куштии камарбанди Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, варзишгарон дар Ҷоми ҷаҳонии куштӣ дар 11 вазн аз 60 то беш аз 130 кг ва дар вазни мутлақ рақобат карданд. Кишварро дар ин рақобатҳо 10 паҳлавон намояндагӣ кард.Се паҳлавони тоҷик медали нуқра гирифтанд, ки инҳо Давлат Абдулҳакимов дар вазни 60 кг, Авазбек Ҷумъаев дар вазни 70 кг ва Озод Маҳмудов дар вазни +130 кг буданд ва бинобар ин ноиби қаҳрамонони мусобиқа шуданд. Рақобатҳои баъдӣ барои паҳлавонони тоҷик Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба куштии камарбандӣ байни ҷавонон хоҳад буд, ки дар шаҳри Қӯқанд (Ӯзбекистон) аз 25 то 27 май баргузор мешавад.Дар мусобиқа писарону духтарони солҳои таваллудашон 2005-2006 ширкат меварзанд. Дар назар аст, ки ҳудуди 300 варзишгар аз ҳудуди 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла аз Тоҷикистон, Русия, Муғулистон, Озарбойҷон, Беларус, Исроил, Гурҷистон, Ҳинд, Молдова, Руминия, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра ширкат кунанд.Куштии камарбандӣ як намуди ҳунарҳои размӣ мебошад, ки дар он ҳадафи паҳлавон бо ҳар гуна техникаи иҷозатдодашуда ба пушт хобондани рақиб аст. Он решаҳои амиқ дорад. Дар баробари урфу одат, расму оин он ба ҳувияти миллии бисёре халқҳо пайвад хӯрдааст. Ин яке аз қадимтарин намудҳои варзиш буда, дастнависҳои қадима, ҳуҷҷатҳо ва ёдгориҳои гуногуни таърихии санъат инро ба таври боварибахш исбот мекунанд.
https://sputnik.tj/20220516/pahlavonon-tojik-sabqat-jomi-osiyo-medal-1048475478.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102116/71/1021167147_49:0:2513:1848_1920x0_80_0_0_9187b06222d2a5ce373482b971f881db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
варзишгарони тоҷик ноиби чемпионҳои ҷаҳон гардиданд
варзишгарони тоҷик ноиби чемпионҳои ҷаҳон гардиданд
Варзишгарони тоҷик ноиби қаҳрамонҳои ҷаҳон оид ба гуштингирӣ гардиданд
11:31 23.05.2022 (Навсозишуда: 14:09 23.05.2022) Дар Тотористон Ҷоми ҷаҳонии куштии камарбандӣ ба анҷом расид. Намояндагони 25 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла як даста аз Тоҷикистон низ рақобат карданд
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба куштии камарбандӣ мақоми дувумро касб кард.
Дар Тотористон мусобиқаҳои байналмилалӣ баргузор шуданд, ки дар он беш аз 150 варзишгар аз 25 кишвари ҷаҳон ҷамъ омада буданд.
Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа хуб баромад карда, се медали нуқра гирифтанд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Федератсияи куштии камарбанди Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, варзишгарон дар Ҷоми ҷаҳонии куштӣ дар 11 вазн аз 60 то беш аз 130 кг ва дар вазни мутлақ рақобат карданд. Кишварро дар ин рақобатҳо 10 паҳлавон намояндагӣ кард.
Се паҳлавони тоҷик медали нуқра гирифтанд, ки инҳо Давлат Абдулҳакимов дар вазни 60 кг, Авазбек Ҷумъаев дар вазни 70 кг ва Озод Маҳмудов дар вазни +130 кг буданд ва бинобар ин ноиби қаҳрамонони мусобиқа шуданд.
Рақобатҳои баъдӣ барои паҳлавонони тоҷик Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба куштии камарбандӣ байни ҷавонон хоҳад буд, ки дар шаҳри Қӯқанд (Ӯзбекистон) аз 25 то 27 май баргузор мешавад.
Дар мусобиқа писарону духтарони солҳои таваллудашон 2005-2006 ширкат меварзанд.
Дар назар аст, ки ҳудуди 300 варзишгар аз ҳудуди 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла аз Тоҷикистон, Русия, Муғулистон, Озарбойҷон, Беларус, Исроил, Гурҷистон, Ҳинд, Молдова, Руминия, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра ширкат кунанд.
Куштии камарбандӣ як намуди ҳунарҳои размӣ мебошад, ки дар он ҳадафи паҳлавон бо ҳар гуна техникаи иҷозатдодашуда ба пушт хобондани рақиб аст. Он решаҳои амиқ дорад. Дар баробари урфу одат, расму оин он ба ҳувияти миллии бисёре халқҳо пайвад хӯрдааст.
Ин яке аз қадимтарин намудҳои варзиш буда, дастнависҳои қадима, ҳуҷҷатҳо ва ёдгориҳои гуногуни таърихии санъат инро ба таври боварибахш исбот мекунанд.