https://sputnik.tj/20221122/ruzi-marosimi-savgandyodkunii-raisjumhuri-qazoqiston-malum-shud-1052985773.html
Рӯзи маросими савгандёдкунии раисҷумҳури Қазоқистон маълум шуд
Рӯзи маросими савгандёдкунии раисҷумҳури Қазоқистон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи марказии интихоботи Қазоқистон эълон кардааст, ки маросими савгандёдкунии раисҷумҳури Қазоқистон рӯзи 26 ноябр баргузор мешавад
2022-11-22T12:20+0500
2022-11-22T12:20+0500
2022-11-22T12:20+0500
қазоқистон
кмир
савгандёдкунӣ
маросими савгандёдкунӣ
рӯз
қосим -жомарт тоқаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/16/1052985555_0:0:2307:1298_1920x0_80_0_0_6fd4f8a31fa0f46ed86176ee99bfbaad.jpg
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Раиси Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон Нурлан Абдиров эълон кардааст, ки маросими савгандёдкунии президенти тоза интихоби кишвар рӯзи 26 ноябр баргузор мешавад.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20 ноябр дар Қазоқистон интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд.Тибқи маълумоти ниҳоии Комиссияи марказии интихоботӣ, Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури феълӣ, бо дарёфти 81,31 дарсади оро дар ин интихобот пирӯз шуд.Дар интихоботи гузашта 69,44 фоиз интихобкунандагон иштирок намуданад.Ёдовар мешавем, ки Қосим - Ҷомарт Тоқаев зимни суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки ислоҳоти сиёсиро дар Қазоқистон идома медиҳад, дар акси ҳол карахтӣ рух хоҳад дод.Ба суол, ки оё баъди интихобот ҳукуматро ба истеъфо мефиристад ё на, Тоқаев зикр намуд, ки бар асоси қонунгузорӣ ин ҳатмӣ нест.Вай таъкид намуд, ки тағйироти мушаххасеро дар ҳукумат идома хоҳад дод.Дар мавриди номзадҳои дигар ба президентӣ Тоқаев изҳор дошт, ки бевосита бо онҳо шинос нест, аммо муътақид аст, ки шахсони сазоворанд, ки дар рушди Қазоқистон саҳм мегузоранд.Маврид ба зикр аст, ки масъалаи баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ва таъйини ваколатҳои 7-солаи президентиро Тоқаев аввали моҳи сентябр зимни ироаи паём ба парлумон баён дошта, таъкид намуд, ки як нафар наметавонад беш аз 1 бор президент интихоб гардад. Ин ташаббусро парлумон пазируфт.
https://sputnik.tj/20221120/toqaev-ray-naqsha-intikhobot-1052949194.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/16/1052985555_175:0:2072:1423_1920x0_80_0_0_f51228a7fddc33de9afc41f36c0ae1f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, маросим, савгандёдкунӣ, сана, рӯзи, кмир
қазоқистон, маросим, савгандёдкунӣ, сана, рӯзи, кмир
Рӯзи маросими савгандёдкунии раисҷумҳури Қазоқистон маълум шуд
Кумитаи марказии интихоботи Қазоқистон эълон кардааст, ки маросими савгандёдкунии раисҷумҳури Қазоқистон рӯзи 26 ноябр баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Раиси Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон Нурлан Абдиров эълон кардааст, ки маросими савгандёдкунии президенти тоза интихоби кишвар рӯзи 26 ноябр баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20 ноябр дар Қазоқистон интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Тибқи маълумоти ниҳоии Комиссияи марказии интихоботӣ, Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури феълӣ, бо дарёфти 81,31 дарсади оро дар ин интихобот пирӯз шуд.
Дар интихоботи гузашта 69,44 фоиз интихобкунандагон иштирок намуданад.
"Рӯзи савгандёдкунӣ муайян шуд - 26 ноябри соли 2022", - гуфт Абдиров рӯзи сешанбе дар ҷаласаи КМИР Қазоқистон.
Ёдовар мешавем, ки Қосим - Ҷомарт Тоқаев зимни суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки ислоҳоти сиёсиро дар Қазоқистон идома медиҳад, дар акси ҳол карахтӣ рух хоҳад дод.
Ба суол, ки оё баъди интихобот ҳукуматро ба истеъфо мефиристад ё на, Тоқаев зикр намуд, ки бар асоси қонунгузорӣ ин ҳатмӣ нест.
"Ин баъди интихоботи парлумонӣ ҳатмӣ мебошад, ки дар бораи баргузории он то охири сол изҳороти хосеро ироа хоҳам кард", - гуфт Тоқаев.
Вай таъкид намуд, ки тағйироти мушаххасеро дар ҳукумат идома хоҳад дод.
Дар мавриди номзадҳои дигар ба президентӣ Тоқаев изҳор дошт, ки бевосита бо онҳо шинос нест, аммо муътақид аст, ки шахсони сазоворанд, ки дар рушди Қазоқистон саҳм мегузоранд.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаи баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ва таъйини ваколатҳои 7-солаи президентиро Тоқаев аввали моҳи сентябр зимни ироаи паём ба парлумон баён дошта, таъкид намуд, ки як нафар наметавонад беш аз 1 бор президент интихоб гардад. Ин ташаббусро парлумон пазируфт.