https://sputnik.tj/20221120/toqaev-ray-naqsha-intikhobot-1052949194.html
Тоқаев раъй доду аз нақшаҳояш баъди интихобот гуфт
Тоқаев раъй доду аз нақшаҳояш баъди интихобот гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури феълии Қазоқистон дар интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар кишвар раъй дода, изҳор дошт, ки бо номзадҳои дигар шинос нест
2022-11-20T13:22+0500
2022-11-20T13:22+0500
2022-11-20T13:22+0500
осиёи марказӣ
қазоқистон
қосим -жомарт тоқаев
интихобот
сиёсат
президент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044727085_0:0:1501:844_1920x0_80_0_0_93391661c2446720da3b307103c5df24.jpg
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар интихоботи ғайринавбатии президенти дар Қазоқистон, роҳбари феълии кишвар, Қосим - Ҷомарт Тоқаев раъйи худро дод. Вай зимни суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки ислоҳоти сиёсиро дар Қазоқистон идома медиҳад, дар акси ҳол карахтӣ рух хоҳад дод. Ба суол, ки оё баъди интихобот ҳукуматро ба истеъфо мефиристад ё на, Тоқаев зикр намуд, ки бар асоси қонунгузорӣ ин ҳатмӣ нест. "Ин баъди интихоботи парлумонӣ ҳатмӣ мебошад, ки дар бораи баргузории он то охири сол изҳороти хосеро ироа хоҳам кард", - гуфт Тоқаев. Вай таъкид намуд, ки тағйироти мушаххасеро дар ҳукумат идома хоҳад дод. Дар мавриди номзадҳои дигар ба президентӣ Тоқаев изҳор дошт, ки бевосита бо онҳо шинос нест, аммо муътақид аст, ки шахсони сазоворанд, ки дар рушди Қазоқистон саҳм мегузоранд. Маврид ба зикр аст, ки масъалаи баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ва таъйини ваколатҳои 7-солаи президентиро Тоқаев аввали моҳи сентябр зимни ироаи паём ба парлумон баён дошта, таъкид намуд, ки як нафар наметавонад беш аз 1 бор президент интихоб гардад. Ин ташаббусро парлумон пазируфт.Роҳбарии тӯлонии як нафар дар давлат на ба раисҷумҳур ва на ба кишвар шараф намеорад, изҳор дошта буд Тоқаев ва афзуд, дар минтақа Қазоқистон ягона кишвар бо як муҳлати президентӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20221119/noziron-tojikiston-intikhobot-prezidenti-qazoqiston-1052941628.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044727085_178:0:1305:845_1920x0_80_0_0_6aee6276ef01c93a11487417f8d49edb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нақша, интихобот, тоқаев, маълум
нақша, интихобот, тоқаев, маълум
Тоқаев раъй доду аз нақшаҳояш баъди интихобот гуфт
Раисҷумҳури феълии Қазоқистон дар интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар кишвар раъй дода, изҳор дошт, ки бо номзадҳои дигар шинос нест
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар интихоботи ғайринавбатии президенти дар Қазоқистон, роҳбари феълии кишвар, Қосим - Ҷомарт Тоқаев раъйи худро дод.
Вай зимни суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки ислоҳоти сиёсиро дар Қазоқистон идома медиҳад, дар акси ҳол карахтӣ рух хоҳад дод.
Ба суол, ки оё баъди интихобот ҳукуматро ба истеъфо мефиристад ё на, Тоқаев зикр намуд, ки бар асоси қонунгузорӣ ин ҳатмӣ нест.
"Ин баъди интихоботи парлумонӣ ҳатмӣ мебошад, ки дар бораи баргузории он то охири сол изҳороти хосеро ироа хоҳам кард", - гуфт Тоқаев.
Вай таъкид намуд, ки тағйироти мушаххасеро дар ҳукумат идома хоҳад дод.
Дар мавриди номзадҳои дигар ба президентӣ Тоқаев изҳор дошт, ки бевосита бо онҳо шинос нест, аммо муътақид аст, ки шахсони сазоворанд, ки дар рушди Қазоқистон саҳм мегузоранд.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаи баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ва таъйини ваколатҳои 7-солаи президентиро Тоқаев аввали моҳи сентябр зимни ироаи паём ба парлумон баён дошта, таъкид намуд, ки як нафар наметавонад беш аз 1 бор президент интихоб гардад. Ин ташаббусро парлумон пазируфт.
Роҳбарии тӯлонии як нафар дар давлат на ба раисҷумҳур ва на ба кишвар шараф намеорад, изҳор дошта буд Тоқаев ва афзуд, дар минтақа Қазоқистон ягона кишвар бо як муҳлати президентӣ мебошад.