Роҳи Помир саввумин масири зеботарини ҷаҳон дониста шуд

© Дмитрий Чистопрудов, Николай Рыков. Фотоагентство VOSTOKДорога Ош — Хорог на Памирском тракте
Дорога Ош — Хорог на Памирском тракте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2022
Обуна шудан
Шоҳроҳи Помир дар соли 2022 на танҳо ба даҳгонаи зеботарин роҳҳои ҷаҳон дохил шуд, балки пас аз Фаронса ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷои сеюм қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Шоҳроҳи Помир дар соли 2022 аз миёни 10 роҳи зеботарини дунё дар ҷои сеюм қарор гирифт.
Радабандии зеботарин роҳҳои ҷаҳонро сомонаи rating-avto.ru нашр намудааст.
Ҳамин тариқ, роҳи Помир пас аз роҳҳои Фаронса ва Амрико дар мақоми сеюм ҷо гирифт. Аниқтараш, тибқи баҳогузории ин торнамо дараи Вердон дар ҷанубу шарқи Фаронса ва шоҳроҳи Далтон дар Аляска аз роҳи Помир зеботар дониста шуданд.
"Шоҳроҳи Помир баландтарин роҳи сайёра аст, ки аз Душанбе ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегузарад ва шаҳри Хоруғи Тоҷикистонро бо Оши Қирғизистон мепайвандад", - дар шарҳи манзараи тоҷик.
Қайд карда мешавад, ки роҳи Помир бо манзараи зебоманзару дилнишинаш беназир аст. Маҳз дар шоҳроҳи Помир манзараҳои экзотикӣ, ки ба роҳҳои кӯҳӣ хос аст, нақбҳо, дараҳо, растаниҳои нодир ва ҳатто деҳаҳои нодиртарро дидан мумкин аст.
Ба даҳ роҳи зебои беҳтарин инчунин шоҳроҳи Трансфэгэраш дар Руминия, роҳи Чуйский дар қаламрави Олтойи Русия, роҳи Атлантик дар Норвегия ва шоҳроҳи Тянмени Чин дохил шуданд.
Строительство автомобильной дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
Баъди дастури президент: дар Хоруғ пул ва роҳҳои нави автомобилгард месозанд
Инчунин роҳи рақами 40 дар Аргентина, роҳи Уқёнуси Бузург дар Австралия ва Доираи Бузург дар Колорадои ИМА низ зеботарин масирҳои ҷаҳон дониста шуданд.
Ёдовар мешавем, ки шоҳроҳи машҳури Помири Бузург бо дарозии беш аз 1,2 ҳазор километр соли 1933 сохта шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0