https://sputnik.tj/20221122/rahmon-narishkin-afghoniston-osiyoi-markazi-1052989671.html
Раҳмону Наришкин вазъи Афғонистонро муҳимтарин масъалаи Осиёи Марказӣ донистанд
Раҳмону Наришкин вазъи Афғонистонро муҳимтарин масъалаи Осиёи Марказӣ донистанд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ва Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия дар Душанбе қазияи Афғонистонро баррасӣ карданд
2022-11-22T13:55+0500
2022-11-22T13:55+0500
2022-11-22T13:55+0500
дар тоҷикистон
сергей наришкин
эмомалӣ раҳмон
афғонистон
амният ва мудофиа
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/16/1052989469_0:283:3076:2013_1920x0_80_0_0_2ed113565dd52ca65e9accce40ffeac6.jpg
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Директори Хадамоти истихбороти хориҷии Русия Сергей Наришкин ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар додааст, ки зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймунин Ятимов вазъи Афғонистон баррасӣ шуд.Вай афзуд, ин ба ширкати фаъолтари ҷомеаи ҷаҳон дар ҳалли вазъияти давлат низ таъсир мерасонад.Ҳамзамон Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия дар дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон масоили шарикии стратегии ду давлат, таъмини амният, Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар ҷодаи хадамоти махсус баррасӣ намуданд.Инчунин тарафҳо бар масъалаи мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои таҳдидҳо, муқовимат бо тамоюлҳои паҳншавии идеологияи тундгароии динӣ изҳори назар карданд.
https://sputnik.tj/20221122/safar-narishkin-tojikiston-muloqot-rahmon-1052988588.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/16/1052989469_345:0:3076:2048_1920x0_80_0_0_fff02363c255cda315821d95319d8295.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, раҳмон, наришкин, мулоқот, афғонистон, амният, осиёи марказӣ, душанбе
тоҷикистон, раҳмон, наришкин, мулоқот, афғонистон, амният, осиёи марказӣ, душанбе
Раҳмону Наришкин вазъи Афғонистонро муҳимтарин масъалаи Осиёи Марказӣ донистанд
Раисҷумҳури Тоҷикистон ва Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия дар Душанбе қазияи Афғонистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Директори Хадамоти истихбороти хориҷии Русия Сергей Наришкин ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар додааст, ки зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймунин Ятимов вазъи Афғонистон баррасӣ шуд.
"То андозае субот дар Афғонистон аз он вобаста аст, ки толибон то чӣ андоза ба зудӣ бо қишрҳо ва гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаи Афғонистон тавофуқ кунанд", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ин ба ширкати фаъолтари ҷомеаи ҷаҳон дар ҳалли вазъияти давлат низ таъсир мерасонад.
Ҳамзамон Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия дар дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон масоили шарикии стратегии ду давлат, таъмини амният, Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар ҷодаи хадамоти махсус баррасӣ намуданд.
Инчунин тарафҳо бар масъалаи мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои таҳдидҳо, муқовимат бо тамоюлҳои паҳншавии идеологияи тундгароии динӣ изҳори назар карданд.