https://sputnik.tj/20221122/safar-narishkin-tojikiston-muloqot-rahmon-1052988588.html
Сафари Наришкин ба Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо Раҳмон
Сафари Наришкин ба Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо Раҳмон
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Русия масъалаи муқовимат ба хатарҳои мавҷуда, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои паҳншавии идеологияи тундгароии динӣ алоқамандӣ доранд баррасӣ карданд
2022-11-22T12:39+0500
2022-11-22T12:39+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар тоҷикистон
сергей наришкин
эмомалӣ раҳмон
мулоқот
амният ва мудофиа
сиёсат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/16/1052989270_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_83846e302151ff5976fbf2dc9939029c.jpg
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон ҳузур дорад бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.Хадамоти матбуот хабар додааст, ки дар рафти мулоқот дар доираи шарикии стратегии ду давлат маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба таъмини амният баррасӣ гардид.Инчунин тарафҳо ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар ҷодаи хадамоти махсус, ки тӯли таърихи 30-солаи робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Россия ба таври мунтазам рушд ёфтаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.Ба ин манзур муҳиммияти таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои таҳдидҳо ба амнияти миллӣ таъкид гардид.“Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамоҳангиҳои минбаъдаи амалҳоро дар самти муқовимат ба хатарҳои мавҷуда, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои паҳншавии идеологияи тундгароии динӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд”,- таъкид кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.Ҳамзамон қазияи Афғонистон низ меҳвари таваҷҷуҳи тарафҳо будааст.Дар рафти суҳбат атрофи дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
https://sputnik.tj/20220705/narishkin-rusiya-oyanda-tarikh-1049752293.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/16/1052989270_76:0:2807:2048_1920x0_80_0_0_e3ce92fcf038e1c34b46d13f9665df38.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, наришкин, эмомалӣ раҳмон, тамоюл, идеологӣ, мулоқот
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, наришкин, эмомалӣ раҳмон, тамоюл, идеологӣ, мулоқот
Сафари Наришкин ба Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо Раҳмон
12:39 22.11.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Тоҷикистону Русия масъалаи муқовимат ба хатарҳои мавҷуда, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои паҳншавии идеологияи тундгароии динӣ алоқамандӣ доранд баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон ҳузур дорад бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Хадамоти матбуот хабар додааст, ки дар рафти мулоқот дар доираи шарикии стратегии ду давлат маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба таъмини амният баррасӣ гардид.
Инчунин тарафҳо ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар ҷодаи хадамоти махсус, ки тӯли таърихи 30-солаи робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Россия ба таври мунтазам рушд ёфтаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Ба ин манзур муҳиммияти таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои таҳдидҳо ба амнияти миллӣ таъкид гардид.
“Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамоҳангиҳои минбаъдаи амалҳоро дар самти муқовимат ба хатарҳои мавҷуда, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои паҳншавии идеологияи тундгароии динӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд”,- таъкид кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ҳамзамон қазияи Афғонистон низ меҳвари таваҷҷуҳи тарафҳо будааст.
Дар рафти суҳбат атрофи дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.