Дар қазияи сӯхторе, ки як тоҷикистонӣ ҷон бохт, ду нафар боздошт шуд

© Sputnik / Кирилл КаллиниковМашина следственного комитета
Машина следственного комитета  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2022
Обуна шудан
Тафтишоти қазияи сӯхтор дар як анбори гул дар Маскав даст доштани ду нафар дар ин ҳодисаро муайян намудааст. Бар асари ин ҳодиса 7 нафар ҷон бохтанд
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия хабар медиҳад, ки дар мавриди сӯхтор дар анбори гулҳо дар маркази Маскав, ки дар он як шаҳрванди Тоҷикистон ва 6 шаҳрванди дигари Русия ба ҳалокат расидаанд, ду нафар боздошт шудаанд.
Дар мавриди сӯхтор дар бинои анбор дар майдони Комсомол як мутахассиси ҳифзи меҳнат ва бехатарии сӯхтор боздошт шудааст. Инчунин муассис ва директори генералии ҶДММ "Ново Флоре", ки анборҳои сӯхтаро ба иҷора гирифтааст низ боздошт шуд.
Муфаттишон ҳамчунин ин афродро аз рӯи моддаи нақзи талаботи бехатарии сӯхтор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва зиёда нафар шудааст, бозпурсӣ ва айб эълон карданд. Он то 7 соли зиндонро дар назар дорад.
Пожар в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2022
Расонаҳо: миёни ҳалокшудаҳо дар сӯхтори Маскав шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст
Ёдовар мешавем, ки сӯхтор дар бинои анбори истгоҳи Маскав-Ленинградская дар майдони Комсомол шоми 20 ноябр рух дод. Бино ба иттилоъи вазорати умури изтирорӣ, як анбори хишт дар масоҳати 2,5 ҳазор метри мураббаъ оташ гирифт.
Сӯхторро танҳо то нисфи шаб, аниқтараш бо гузашти нуҳ соат хомӯш намуданд. Ҳафт нафар ба ҳалокат расида, ҳафт нафари дигарро полис наҷот дод.
Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия тавзеҳ дод, ки ҷараён ва натиҷаҳои тафтишот дар дастгоҳи марказии департамент таҳти назорат қарор гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0