https://sputnik.tj/20221121/halokshuda-sukhtor-maskav-shahrvandi-tojikiston-1052964148.html
Расонаҳо: миёни ҳалокшудаҳо дар сӯхтори Маскав шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст
Расонаҳо: миёни ҳалокшудаҳо дар сӯхтори Маскав шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст
Sputnik Тоҷикистон
Барои шиносоии ҷасади қурбониёни сӯхтор дар анбори гулҳо дар майдони Комсомоли шаҳри Маскав ташхиси додгоҳию тиббӣ таъйин хоҳад шуд 21.11.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-11-21T13:35+0500
2022-11-21T13:35+0500
2022-11-21T13:42+0500
дар русия
муҳоҷират
таҳқиқ
парванда
ҳалокат
сӯхтор
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/15/1052963099_0:0:3211:1807_1920x0_80_0_0_5be65367aa9bb9a530f0c59c55c8ef3d.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Миёни қурбониёни сӯхтор дар Маскав 6 шаҳрванди Русия ва 1 шаҳрванди Тоҷикистон аст, хабар дод РИА "Новости" аз қавли намояндаи хадамоти изтирории пойтахти Русия. Вай афзудаст, барои шиносоии ҷасади кушташудаҳо ташхиси судиву тиббӣ таъйин хоҳад шуд.Қаблан хадамоти изтирории Маскав гуфтанд, наҷотдиҳандагон тавонистаанд 7 нафарро аз бинои оташгирифта сиҳат берун оранд, ки аз бистарӣ шудан худдорӣ карданд.Тибқи иттилои аввалия аз сабабҳои сӯхтор дар майдони Комсомол метавонист, нигоҳдории нодурусти мол ва нақзи қоидаҳои бехатарии сӯхтор бошад. Феълан мақомоти тафтишотӣ таҳқиқи ҷузъиёти қазияро оғоз кардаанд. Таъкид мешавад, ки эҳтимол шабакаҳои барқӣ дар анбор дар ҳолати садамавӣ қарор доштаанд.Мақомоти тафтишотӣ аз барои марги шаҳрвандон низ дар ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, сӯхтори анбори гулҳо баъди зуҳри 20 ноябр дар масоҳати 2,5 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, аллакай баъд аз нӯҳ соат оташ пурра хомӯш карда шуд. Ба ин сӯхтор дараҷаи баланди душворӣ нисбат дода шуд.
https://sputnik.tj/20221121/afzoish-qurboniyon-tafsilot-sukhtor-anbor-maskav-1052959168.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/15/1052963099_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_93fc4cc3e0d495c4ec3a8ba1b2ae1612.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, муҳоҷират, таҳқиқ, парванда, ҳалокат, сӯхтор, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар русия, муҳоҷират, таҳқиқ, парванда, ҳалокат, сӯхтор, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Расонаҳо: миёни ҳалокшудаҳо дар сӯхтори Маскав шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст
13:35 21.11.2022 (Навсозишуда: 13:42 21.11.2022) Барои шиносоии ҷасади қурбониёни сӯхтор дар анбори гулҳо дар майдони Комсомоли шаҳри Маскав ташхиси додгоҳию тиббӣ таъйин хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Миёни қурбониёни сӯхтор дар Маскав 6 шаҳрванди Русия ва 1 шаҳрванди Тоҷикистон аст, хабар дод РИА "Новости" аз қавли намояндаи хадамоти изтирории пойтахти Русия.
"Дар миёни ҳалокшудагон, тибқи маълумоти пешакӣ, 6 шаҳрванди Русия ва як шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд", - гуфт манбаъ.
Вай афзудаст, барои шиносоии ҷасади кушташудаҳо ташхиси судиву тиббӣ таъйин хоҳад шуд.
Қаблан хадамоти изтирории Маскав гуфтанд, наҷотдиҳандагон тавонистаанд 7 нафарро аз бинои оташгирифта сиҳат берун оранд, ки аз бистарӣ шудан худдорӣ карданд.
Тибқи иттилои аввалия аз сабабҳои сӯхтор дар майдони Комсомол метавонист, нигоҳдории нодурусти мол ва нақзи қоидаҳои бехатарии сӯхтор бошад. Феълан мақомоти тафтишотӣ таҳқиқи ҷузъиёти қазияро оғоз кардаанд. Таъкид мешавад, ки эҳтимол шабакаҳои барқӣ дар анбор дар ҳолати садамавӣ қарор доштаанд.
Мақомоти тафтишотӣ аз барои марги шаҳрвандон низ дар ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, сӯхтори анбори гулҳо баъди зуҳри 20 ноябр дар масоҳати 2,5 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, аллакай баъд аз нӯҳ соат оташ пурра хомӯш карда шуд. Ба ин сӯхтор дараҷаи баланди душворӣ нисбат дода шуд.