https://sputnik.tj/20221121/kosachyov-behbud-munosibot-rusiya-ukraina-1052964910.html
Косачёв замони беҳбуди муносиботи Русия ва Украинаро гуфт
Косачёв замони беҳбуди муносиботи Русия ва Украинаро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ноиби раиси Шӯрои Федератсияи Русия изҳори умед кард, ки тағйири ҳукумат дар Украина бо риояи меъёрҳои конститутсионӣ сурат мегирад
2022-11-21T14:15+0500
2022-11-21T14:15+0500
2022-11-21T14:15+0500
дар русия
сиёсат
украина
киев
муносибат
беҳбуд бахшидан
шӯрои федератсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102087/34/1020873474_0:0:3026:1702_1920x0_80_0_0_3fb1aa970dabbf1d28978dc0818033d6.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Равобити Русия ва Украина танҳо пас аз иваз шудани ҳукуматдорон дар Киев ба эътидол меояд, изҳор дошт муовини раиси Шӯрои Федератсия Константин Косачёв. "Ман аз мақомоти кунунии Украина ҳеҷ чизи хубе интизор нестам. Онҳо асири амалҳои қаблии худ, муносибатҳои идеологии худ ҳастанд. Ба эътидол овардани вазъ, ба назари ман, танҳо пас аз иваз шудани қудрат дар Украина имконпазир аст", - таъкид намуд сенатор. Узви Шӯрои Федератсия изҳори умед кардааст, ки ин дафъа тағйири қудрат дар Украина ба тариқи конститутсионӣ сурат хоҳад гирифт. Илова бар ин, сиёсатмадор таъкид кард, ки Киев бояд ба иҷрои моҳияте, ки дар созишномаҳои Минск баён шуда буд, оғоз кунанд. Вай тавзеҳ дод, ки ин санад қувваи худро дар шакле, ки дар солҳои 2014-2015 муқаррар шуда буд, аз даст дод. "Аммо моҳияту усуле, ки дар онҳо муқаррар шуда буд, қувваи худро гум накардааст. Ин яъне муноқишаи дохилӣ дар Украина роҳи ҳалли низомӣ надорад, онро бояд бо роҳи сиёсӣ тавассути муколамаи байни мақомот ва мардуми худ ҳал кард", - афзуд Косачёв. Маврид ба зикр аст, ки вақтҳои охир раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленский на як бору ду бор дар бораи музокира бо Маскав ҳарфҳои зиддунақиз зада буд. Вай аз як тараф имкони ҳар гуна муколамаро рад кард, сипас шартҳои оғози онро пеш овард ва ё талаб кард, ки музокирот ошкор шавад.Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков қайд кард, мақомоти Киев ҳар рӯзе фикрашонро дигар мекунанд, ки ҳамаи нишон медиҳад, ҷониби Украина умуман ҳеҷ гуна муколамаро намехоҳад. Бо вуҷуди ин, Маскав барои музокирот боз аст ва ҳадафҳои он ба мақомоти Киев хуб маълум аст, гуфт ӯ.
https://sputnik.tj/20221118/volodin-tarkish-mushak-ukrain-lahiston-oghoz-nato-1052926028.html
украина
киев
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102087/34/1020873474_295:0:3026:2048_1920x0_80_0_0_ec863f61ae636d6055015de9cb6c5d03.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сенатор, замон, беҳбуд, равобит, киев, маскав
сенатор, замон, беҳбуд, равобит, киев, маскав
Косачёв замони беҳбуди муносиботи Русия ва Украинаро гуфт
Ноиби раиси Шӯрои Федератсияи Русия изҳори умед кард, ки тағйири ҳукумат дар Украина бо риояи меъёрҳои конститутсионӣ сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Равобити Русия ва Украина танҳо пас аз иваз шудани ҳукуматдорон дар Киев ба эътидол меояд, изҳор дошт муовини раиси Шӯрои Федератсия Константин Косачёв.
"Ман аз мақомоти кунунии Украина ҳеҷ чизи хубе интизор нестам. Онҳо асири амалҳои қаблии худ, муносибатҳои идеологии худ ҳастанд. Ба эътидол овардани вазъ, ба назари ман, танҳо пас аз иваз шудани қудрат дар Украина имконпазир аст", - таъкид намуд сенатор.
Узви Шӯрои Федератсия изҳори умед кардааст, ки ин дафъа тағйири қудрат дар Украина ба тариқи конститутсионӣ сурат хоҳад гирифт.
Илова бар ин, сиёсатмадор таъкид кард, ки Киев бояд ба иҷрои моҳияте, ки дар созишномаҳои Минск баён шуда буд, оғоз кунанд.
Вай тавзеҳ дод, ки ин санад қувваи худро дар шакле, ки дар солҳои 2014-2015 муқаррар шуда буд, аз даст дод.
"Аммо моҳияту усуле, ки дар онҳо муқаррар шуда буд, қувваи худро гум накардааст. Ин яъне муноқишаи дохилӣ дар Украина роҳи ҳалли низомӣ надорад, онро бояд бо роҳи сиёсӣ тавассути муколамаи байни мақомот ва мардуми худ ҳал кард", - афзуд Косачёв.
Маврид ба зикр аст, ки вақтҳои охир раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленский на як бору ду бор дар бораи музокира бо Маскав ҳарфҳои зиддунақиз зада буд. Вай аз як тараф имкони ҳар гуна муколамаро рад кард, сипас шартҳои оғози онро пеш овард ва ё талаб кард, ки музокирот ошкор шавад.
Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков қайд кард, мақомоти Киев ҳар рӯзе фикрашонро дигар мекунанд, ки ҳамаи нишон медиҳад, ҷониби Украина умуман ҳеҷ гуна муколамаро намехоҳад. Бо вуҷуди ин, Маскав барои музокирот боз аст ва ҳадафҳои он ба мақомоти Киев хуб маълум аст, гуфт ӯ.