https://sputnik.tj/20221121/afzoish-qurboniyon-tafsilot-sukhtor-anbor-maskav-1052959168.html
Афзоиши қурбониён: Тафсилоти сӯхтори анбори гулҳо дар Маскав
Афзоиши қурбониён: Тафсилоти сӯхтори анбори гулҳо дар Маскав
Sputnik Тоҷикистон
Аз сабабҳои рух додани фоҷиаи маргбор дар маркази Маскав бар асоси иттилои пешакӣ, нигоҳдории нодурусти молу ҳолати садамавии шабакаҳои барқӣ арзёбӣ мшеаванд
2022-11-21T11:00+0500
2022-11-21T11:00+0500
2022-11-21T11:00+0500
дар русия
тахриб
сӯхтор
анбор
қурбон
ҳалокат
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/15/1052957091_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_530dc0f201d17d87d7d181d91389f2b6.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Теъдоди қурбониёни сӯхтор дар як анбори гул дар маркази Маскав ба 7 нафар расид ва як нафар захмӣ шудааст, хабар доданд хадамоти изтирории шаҳр. Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин наҷотдиҳандагон тавонистаанд 7 нафарро аз бинои оташгирифта сиҳат берун оранд, ки аз бистарӣ шудан худдорӣ карданд. Тибқи иттилоияи аввалия аз сабабҳои сӯхтор дар майдони Комсомол метавонист, нигоҳдории нодурусти мол ва нақзи қоидаҳои бехатарии сӯхтор бошад. Феълан мақомоти тафтишотӣ таҳқиқи ҷузъиёти қазияро оғоз кардаанд. Таъкид мешавад, ки эҳтимол шабакаҳои барқӣ дар анбор дар ҳолати садамавӣ қарор доштаанд. Мақомоти тафтишотӣ аз барои марги чанд шаҳрванд дар ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, сӯхтори анбори гулҳо баъди зуҳри 20 ноябр дар масоҳати 2,5 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, аллакай баъд аз нӯҳ соат оташ пурра хомӯш карда шуд. Ба ин сӯхтор дараҷаи баланди душворӣ нисбат дода шуд. Дар бинои сӯхта, шифтҳои байни ошёнаҳои 1 ва 2 қисман фурӯ рафта, барои хомӯш кардани он қатори оташнишонӣ ҷалб шуда буд. Дар баробари ин на худи сухтор ва на рафъи паёмадҳои он дар майдони Комсомол ба кори поездҳо халал нарасонд. Таъкид мешавад, ки дар пайи хомӯш кардани оташ наҷотдиҳандагон ба тоза кардани харобаҳо шурӯъ карданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/15/1052957091_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_6b7ee53bc09b74ab880582b4bdb1eb18.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
теъдод, қурбониён, сӯхтор, маскав, ҳалокат, анбор
теъдод, қурбониён, сӯхтор, маскав, ҳалокат, анбор
Афзоиши қурбониён: Тафсилоти сӯхтори анбори гулҳо дар Маскав
Аз сабабҳои рух додани фоҷиаи маргбор дар маркази Маскав бар асоси иттилои пешакӣ, нигоҳдории нодурусти молу ҳолати садамавии шабакаҳои барқӣ арзёбӣ мшеаванд
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Теъдоди қурбониёни сӯхтор дар як анбори гул дар маркази Маскав ба 7 нафар расид ва як нафар захмӣ шудааст, хабар доданд хадамоти изтирории шаҳр.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин наҷотдиҳандагон тавонистаанд 7 нафарро аз бинои оташгирифта сиҳат берун оранд, ки аз бистарӣ шудан худдорӣ карданд.
Тибқи иттилоияи аввалия аз сабабҳои сӯхтор дар майдони Комсомол метавонист, нигоҳдории нодурусти мол ва нақзи қоидаҳои бехатарии сӯхтор бошад. Феълан мақомоти тафтишотӣ таҳқиқи ҷузъиёти қазияро оғоз кардаанд. Таъкид мешавад, ки эҳтимол шабакаҳои барқӣ дар анбор дар ҳолати садамавӣ қарор доштаанд.
Мақомоти тафтишотӣ аз барои марги чанд шаҳрванд дар ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, сӯхтори анбори гулҳо баъди зуҳри 20 ноябр дар масоҳати 2,5 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, аллакай баъд аз нӯҳ соат оташ пурра хомӯш карда шуд. Ба ин сӯхтор дараҷаи баланди душворӣ нисбат дода шуд.
Дар бинои сӯхта, шифтҳои байни ошёнаҳои 1 ва 2 қисман фурӯ рафта, барои хомӯш кардани он қатори оташнишонӣ ҷалб шуда буд.
Дар баробари ин на худи сухтор ва на рафъи паёмадҳои он дар майдони Комсомол ба кори поездҳо халал нарасонд.
Таъкид мешавад, ки дар пайи хомӯш кардани оташ наҷотдиҳандагон ба тоза кардани харобаҳо шурӯъ карданд.