https://sputnik.tj/20221004/safari-vaziri-farhang-tehron-ruzhoi-farhang-tojikiston-eron-1051866785.html
Сафари вазири фарҳанг ба Теҳрон ва оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон
Сафари вазири фарҳанг ба Теҳрон ва оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ дар дидор бо вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, зарфиятҳои ду кишвар имкони рушди равобити фарҳангӣ доранд
2022-10-04T15:30+0500
2022-10-04T15:30+0500
2022-10-04T15:30+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
фарҳанг
рӯзҳои фарҳангӣ
теҳрон
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0c/1032813652_7:0:1031:576_1920x0_80_0_0_45130071afc3738f1c5dbc6b5e3076f8.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки бо як ҳайати фарҳангӣ ба манзури шикат дар маросими ифтитоҳияи ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон ба Теҳрон сафар карда аст, зимни ҳузур дар Сомони фарҳанг ва иртибототи исломӣ бо Муҳаммадмаҳдии Имонипур дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст ИРНА.Рузҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон бо ҳамкории Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ 3 то 8 октябр дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрез баргузор мешавад.Ин рӯйдоди фарҳагӣ шомили иҷрои барномаҳои гуруҳҳои ҳунари аз ҷумла гуруҳи намоиш, гуруҳи мусиқи, қироати шеър тавассути шоирони тоҷикистонӣ ва баргузории намоишгоҳи нақоши, акс, ҳунарҳои дасти ва либосҳои миллии он кишвар мешавад.Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ дар дидор бо вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфтааст, ки барои ҳаргуна ҳамкори дар ҳавзаи баргузории коргоҳи ҳунари ва таъомулоти донишгоҳи ва гуфтугуҳои илмӣ ва табодули донишҷу омодаи дорем.Имонипур ибрози умедвори кард, ки шоҳиди рафтуомади нухбагон ва нависандагони ду кишвар бошем, чун ниёз ба восита надорем ва забони ҳар ду кишвар форси аст.Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон низ дар ин дидор гуфтааст, ки омодаи рушди равобит бо Эрон ҳастем ва умедворем ин ҳамкориҳо дар тамоми сутуҳи фарҳангӣ ва ҳунари густариш ёбад.
https://sputnik.tj/20220923/ruzi-barguzori-ruzhoi-farhangi-tojikiston-eron-1051638653.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0c/1032813652_135:0:903:576_1920x0_80_0_0_47ce599e73b5ab7ec33ab20de89f70fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, фарҳанг, рӯзҳои фарҳанг, ҳамкорӣ, равобит, зарфият
тоҷикистон, эрон, фарҳанг, рӯзҳои фарҳанг, ҳамкорӣ, равобит, зарфият
Сафари вазири фарҳанг ба Теҳрон ва оғози Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон
Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ дар дидор бо вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, зарфиятҳои ду кишвар имкони рушди равобити фарҳангӣ доранд
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки бо як ҳайати фарҳангӣ ба манзури шикат дар маросими ифтитоҳияи ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон ба Теҳрон сафар карда аст, зимни ҳузур дар Сомони фарҳанг ва иртибототи исломӣ бо Муҳаммадмаҳдии Имонипур дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст ИРНА.
Рузҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон бо ҳамкории Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ 3 то 8 октябр дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрез баргузор мешавад.
Ин рӯйдоди фарҳагӣ шомили иҷрои барномаҳои гуруҳҳои ҳунари аз ҷумла гуруҳи намоиш, гуруҳи мусиқи, қироати шеър тавассути шоирони тоҷикистонӣ ва баргузории намоишгоҳи нақоши, акс, ҳунарҳои дасти ва либосҳои миллии он кишвар мешавад.
Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ дар дидор бо вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфтааст, ки барои ҳаргуна ҳамкори дар ҳавзаи баргузории коргоҳи ҳунари ва таъомулоти донишгоҳи ва гуфтугуҳои илмӣ ва табодули донишҷу омодаи дорем.
Имонипур ибрози умедвори кард, ки шоҳиди рафтуомади нухбагон ва нависандагони ду кишвар бошем, чун ниёз ба восита надорем ва забони ҳар ду кишвар форси аст.
Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон низ дар ин дидор гуфтааст, ки омодаи рушди равобит бо Эрон ҳастем ва умедворем ин ҳамкориҳо дар тамоми сутуҳи фарҳангӣ ва ҳунари густариш ёбад.