Баргузории аввалин фестивали картошка дар Душанбе

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкСельскохозяйственная ярмарка, архивное фото
Сельскохозяйственная ярмарка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2022
Обуна шудан
Бори аввал дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Рӯзи 26 ноябр дар бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе бори аввал “Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он” баргузор мегардад, иттилоъ додааст маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ.
Дар фестивали мазкур хоҷагиҳои картошкапарварии кишвар навъҳои беҳтарини картошкаи худро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.
Инчунин тибқи иттилои манбаъ, дар ин рӯз хони тоҷикӣ бо навъҳои гуногуни хӯрокҳо аз картошка омода ва ороста мешавад.
Сезонные рабочие собирают урожай картофеля в фермерском хозяйстве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2022
Афзоиши кишту ҷамъоварии картошка дар Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон 14-16 ноябри соли равон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд доир ба баргузории “Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он” дастур дод.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон қайд кардааст, ки фестивали мазкурро барои иҷрои саривақтии дастури президент доир менамояд.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон дар майдони 32,1 ҳазор гектар картошка кишт шудааст.
Ҳосили умумии картошкаи ҷамъоваришуда, то 18 ноябри соли равон дар хоҷагиҳои деҳқони ва ҷамоавӣ 821 340 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2021 185 ҳазору 181 тонна зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0