https://sputnik.tj/20221121/afzoish-kisht-jamovariikartoshka-tojikiston-1052965908.html
Афзоиши кишту ҷамъоварии картошка дар Тоҷикистон
Афзоиши кишту ҷамъоварии картошка дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати кишоварзӣ аз афзоиши ҷамъоварии картошка дар саросари кишвар хабар дода гуфт, ҷамъоварии ҳосил тибқи нақша идома дорад
2022-11-21T14:47+0500
2022-11-21T14:47+0500
2022-11-21T14:47+0500
дар тоҷикистон
кишт
картошка
ҷамъоварӣ
вазорати кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0b/1032809594_0:205:2913:1844_1920x0_80_0_0_b1605763945b8ee9260269927d624b43.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон 821340 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, нисбат ба соли гузашта 185181 тонна зиёд ҷамъоварӣ гардидааст, иттилоъ додааст вазорати кишоварзии Тоҷикистон.Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷумҳурӣ 32158 гектар буда, ба ВМКБ 1270 гектар, вилояти Суғд 15309 гектар, вилояти Хатлон 5817 гектар ва ба НТҶ 9765 гектар рост меояд.Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 18 ноябри соли равон майдони ҷамъовари кардашуда дар ҷумҳурӣ 31634 гектарро ташкил додааст.Вазорат иттилоъ додааст, ки аз 31634 гектар ба ВМКБ 1270 гектар, ба вилояти Суғд 14815 гектар, вилояти Хатлон 5817 гектар ва ба НТҶ 9732 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 260 сентнер буда, ба ВМКБ 136 сентнер, ба вилояти Суғд 328 сентнер, вилояти Хатлон 178 сентнер ва ба НТҶ 221 сентнер рост меояд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти вилояти Хатлони Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар нӯҳ моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар вилоят ба 17,8 миллиард сомонӣ расонида шудааст.Ҳамзамон манбаъ хабр додааст, ки дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 896936 тонна ғалладона, 202077 тонна картошка, 1363728 тонна сабзавот, 200157 тонна мевагиҳо, 101823 тонна ангур ва 603265 тонна полезиҳо истеҳсол гардидааст.Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47810,6 тонна ғалладона, 63598,1 тонна сабзавот, 31181,2 тонна полезиҳо, 18817,7 тонна мевагиҳо ва 11171,1 тонна ангур зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20221008/tojikiston-hosil-ghalla-kartoshka-elon-1051982719.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0b/1032809594_92:0:2821:2047_1920x0_80_0_0_e30160f98a2edb2a7ee3fd82c888e1cf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афзоиш, кишт, картошка, ҷамъоварӣ, афзоиш, вазорати кишоварзӣ
тоҷикистон, афзоиш, кишт, картошка, ҷамъоварӣ, афзоиш, вазорати кишоварзӣ
Афзоиши кишту ҷамъоварии картошка дар Тоҷикистон
Вазорати кишоварзӣ аз афзоиши ҷамъоварии картошка дар саросари кишвар хабар дода гуфт, ҷамъоварии ҳосил тибқи нақша идома дорад
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон 821340 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, нисбат ба соли гузашта 185181 тонна зиёд ҷамъоварӣ гардидааст, иттилоъ додааст вазорати кишоварзии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷумҳурӣ 32158 гектар буда, ба ВМКБ 1270 гектар, вилояти Суғд 15309 гектар, вилояти Хатлон 5817 гектар ва ба НТҶ 9765 гектар рост меояд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 18 ноябри соли равон майдони ҷамъовари кардашуда дар ҷумҳурӣ 31634 гектарро ташкил додааст.
Вазорат иттилоъ додааст, ки аз 31634 гектар ба ВМКБ 1270 гектар, ба вилояти Суғд 14815 гектар, вилояти Хатлон 5817 гектар ва ба НТҶ 9732 гектар ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мувофиқи ҷумҳурӣ ба ҳар як гектар 260 сентнер буда, ба ВМКБ 136 сентнер, ба вилояти Суғд 328 сентнер, вилояти Хатлон 178 сентнер ва ба НТҶ 221 сентнер рост меояд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти вилояти Хатлони Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар нӯҳ моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар вилоят ба 17,8 миллиард сомонӣ расонида шудааст.
Ҳамзамон манбаъ хабр додааст, ки дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 896936 тонна ғалладона, 202077 тонна картошка, 1363728 тонна сабзавот, 200157 тонна мевагиҳо, 101823 тонна ангур ва 603265 тонна полезиҳо истеҳсол гардидааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47810,6 тонна ғалладона, 63598,1 тонна сабзавот, 31181,2 тонна полезиҳо, 18817,7 тонна мевагиҳо ва 11171,1 тонна ангур зиёд мебошад.