Назарбоев дар бораи ҳабси Масимов: Магар Исо медонист, Яҳудо хиёнаткор аст

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Казахстана Карим Масимов. Архивное фото
Премьер-министр Казахстана Карим Масимов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури аввали Қазоқистон парванда алайҳи яке аз чеҳраҳои калидии ҳукуматашро, ки феълан дар баррасии додгоҳ қарор дорад, шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Оё Исои Масеҳ медонист, ки Яҳудо, ки дар паҳлӯяш нишастааст, хиёнаткор аст, изҳор дошт раисҷумҳури пешини Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев дар шарҳи парвандаи раиси собиқи Кумитаи амнияти миллӣ, Карим Масимов.
Назарбоевро баъди раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии 20 ноябр суол карданд, ки дар мавриди парвадаи Масимов чӣ назар дорад, ки феълан дар додгоҳи шаҳри Остона таҳти муҳр махфӣ баррасӣ мешавад.
Нахустин президент изҳор дошт, ки анҷоми парвандаю мурофиаро интизор аст, ки то бидонад, пушти ин ҳама аъмол кӣ меистад.
Маврд ба зикр аст, к Карим Масимов ва муовинони ӯ баъди ошӯбҳои моҳи январ дар Қазоқистон боздошт шуданд. Онҳо ба хиёнат ба ватан ва кӯшиши бо зӯр ба даст овардани қудрат муттаҳам мешаванд.
Касым Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2022
Тоқаев раъй доду аз нақшаҳояш баъди интихобот гуфт
Карим Масимови 57-сола ду маротиба сарвазири Қазоқистон ва аз соли 2016 раиси КАМ буд.
Масимов бори аввал дар кабинаи вазирон соли 2007 сарвазир интихоб гардид ва дар ин вазифа то соли 2012-ум қарор дошт. Аз соли 2012 то соли 2014-ум вазифаи роҳбари маъмурияти президенти Қазоқистонро иҷро мекард. Санаи 2-уми апрели соли 2014 Масимов дубора ба сари ҳукумати Қазоқистон омада буд.
Назарбоев моҳ сентябри соли 2016 Карим Масимовро аз вазифаи сарвазири Қазоқистон сабукдӯш када, ба мақоми раиси Кумитаи амяти миллӣ таъйин намуда буд ва ӯ то аввали соли равон дар ин мақом фаъолият дошт.
Лентаи хабарҳо
0