https://sputnik.tj/20221119/sokinon-darvoz-ishkoshim-khatlon-mekuchonand-1052940533.html
Сокинони Дарвозу Ишкошимро ба Хатлон мекӯчонанд
Сокинони Дарвозу Ишкошимро ба Хатлон мекӯчонанд
Sputnik Тоҷикистон
Аз ин ду ноҳияи ВМКБ на ҳамаи сокинонро кӯч медиҳанд, балки аз Дарвоз панҷ хонавода ва аз Ишкошим 10 оиларо ба ноҳияи Хуросон мекӯчонанд. 19.11.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-11-19T15:25+0500
2022-11-19T15:25+0500
2022-11-19T15:25+0500
дар тоҷикистон
хатлон
вмкб
сокинон
кӯч бастан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103134/17/1031341775_0:71:1368:841_1920x0_80_0_0_c9988af91c74cc55689eeff8343060ed.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Аз ду ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 15 хонавода ба вилояти Хатлон кӯчонида мешавад, хабар медиҳад Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.Ба иттилои манбаъ, аз ноҳияи Дарвоз панҷ хонавода ва аз ноҳияи Ишкошим 10 оила ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон интиқол дода мешаванд.Кӯч додани 15 хонавода аз ВМКБ тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад.Моҳи декабри соли 2021 Ҳукумат қарор кард, ки аз ноҳияҳои камзамин ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобида кӯчонидани мардум сурат мегирад. Ин кор то соли 2024 идома меёбад ва тибқи нақша бояд 410 хонавода аз гӯшаву канори диёр дар ноҳияи Хуросон маскун шаванд.Манбаъ меафзояд, ба иловаи хонаводаҳо аз ВМКБ, ҳамчунин аз шаҳри Бохтар панҷ оила, Левакант -5, Кӯшониёни -15, Восеъ – 20, Темурмалик – 10, Муъминобод – 15, Кӯҳистони Мастчоҳ – 15 ва Тоҷикобод панҷ оила низ кӯч дода мешаванд.Дар ҳамин ҳол, намояндагони Вазорати меҳнат аз вазъи муҳоҷирати дохилӣ дар ноҳияҳои Хуросон ва Носири Хусрав дидан намуда, барои сари вақт кӯчонидани оилаҳо, рафъи камбудиҳои ҷойдошта бо масъулини мақомоти дахлдор суҳбатҳо баргузор карданд.Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қаблан зимни як сафараш ба ноҳияи Дарвози ВМКБ бо ишора ба камзаминӣ ва афзоиши аҳолӣ дар минтақа ба ҳозирин заминҳои Данғараро барои кору иқомат пешниҳод намуд.Президент даҳҳо ҳазор ҳектор заминҳои Данғараро захираи тилоии давлати Тоҷикистон хонда, афзуд, ки одам даркор, то ин заминро истифода бараду кор кунад.
https://sputnik.tj/20220209/nohiya-kamzamin-muhojirat-dokhili-tajikistan-1045669219.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103134/17/1031341775_76:0:1292:912_1920x0_80_0_0_3b3fd46591ab0af6d4bb205effbad64c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, хатлон, вмкб, сокинон, кӯч бастан
дар тоҷикистон, хатлон, вмкб, сокинон, кӯч бастан
Сокинони Дарвозу Ишкошимро ба Хатлон мекӯчонанд
Аз ин ду ноҳияи ВМКБ на ҳамаи сокинонро кӯч медиҳанд, балки аз Дарвоз панҷ хонавода ва аз Ишкошим 10 оиларо ба ноҳияи Хуросон мекӯчонанд.
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Аз ду ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 15 хонавода ба вилояти Хатлон кӯчонида мешавад, хабар медиҳад Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Ба иттилои манбаъ, аз ноҳияи Дарвоз панҷ хонавода ва аз ноҳияи Ишкошим 10 оила ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон интиқол дода мешаванд.
Кӯч додани 15 хонавода аз ВМКБ тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад.
Моҳи декабри соли 2021 Ҳукумат қарор кард, ки аз ноҳияҳои камзамин ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобида кӯчонидани мардум сурат мегирад. Ин кор то соли 2024 идома меёбад ва тибқи нақша бояд 410 хонавода аз гӯшаву канори диёр дар ноҳияи Хуросон маскун шаванд.
Манбаъ меафзояд, ба иловаи хонаводаҳо аз ВМКБ, ҳамчунин аз шаҳри Бохтар панҷ оила, Левакант -5, Кӯшониёни -15, Восеъ – 20, Темурмалик – 10, Муъминобод – 15, Кӯҳистони Мастчоҳ – 15 ва Тоҷикобод панҷ оила низ кӯч дода мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони Вазорати меҳнат аз вазъи муҳоҷирати дохилӣ дар ноҳияҳои Хуросон ва Носири Хусрав дидан намуда, барои сари вақт кӯчонидани оилаҳо, рафъи камбудиҳои ҷойдошта бо масъулини мақомоти дахлдор суҳбатҳо баргузор карданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қаблан зимни як сафараш ба ноҳияи Дарвози ВМКБ бо ишора ба камзаминӣ ва афзоиши аҳолӣ дар минтақа ба ҳозирин заминҳои Данғараро барои кору иқомат пешниҳод намуд.
Президент даҳҳо ҳазор ҳектор заминҳои Данғараро захираи тилоии давлати Тоҷикистон хонда, афзуд, ки одам даркор, то ин заминро истифода бараду кор кунад.